Қатъи такрории интиқоли об дар баъзе манотиқи Душанбе

Шаҳрдории Душанбе ба сокинони пойтахт ҳушдор додааст, ки имрӯз, 23-юми октябр, дар бархе аз кӯчаву маҳаллаҳои пойтахт интиқоли оби ошомиданӣ муваққатан қатъ мешавад. Тавре ҳукумати шаҳр дар саҳифаи Фейсбуки худ хабар дод, ин ба корҳои таъмирӣ дар истгоҳи обгузари “Кофарниҳон” марбут аст. Таъмини об аз соати 23:00 23-юми октябр то соати 23:00 24-уми октябр қатъ […]

Алимшоҳ Меҳрзода, Asia-Plus

Шаҳрдории Душанбе ба сокинони пойтахт ҳушдор додааст, ки имрӯз, 23-юми октябр, дар бархе аз кӯчаву маҳаллаҳои пойтахт интиқоли оби ошомиданӣ муваққатан қатъ мешавад.

Тавре ҳукумати шаҳр дар саҳифаи Фейсбуки худ хабар дод, ин ба корҳои таъмирӣ дар истгоҳи обгузари “Кофарниҳон” марбут аст.

Таъмини об аз соати 23:00 23-юми октябр то соати 23:00 24-уми октябр қатъ дар минтақаҳои зерин қатъ хоҳад шуд:

Ноҳияи Фирдавсӣ:

– дар маҳаллаҳои Гулбутта, Қаротегин, Дӯстӣ, Равшангарон, Ҳосилот, Алачабоф, Ором, Шодиёна, Маърифат, Крупская-1, 2, 61, 63, 64, 65 кӯчаҳои Н.Қарабоев, А.Қаҳҳоров, М.Маҳмадалиев ва А.Наҷмиддини

Ноҳияи Шоҳмансур:

– дар кӯчаҳои М.Назаршоев, Қаротегин, Ховарон, Гулобод, Зебуниссо, Чиноро — 1 ва 2, Камоли Хуҷандӣ, Теппаҳои шарқӣ, Восифӣ, Хайробод, Ҷавонон, М.Маҳмадалиев, Коргар, Зафар, С.Р.Афардӣ, Улуғбек, У.Зоконӣ, А.Савдо, Афзалӣ, хиёбони Рӯдакӣ, аз бинои КВД «Роҳи оҳан» то бинои КВД Меҳмонхонаи «Душанбе» ва қисмати кӯчаи С.Айнӣ то гардиши КВД «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе», шаҳракҳои 191, 192 ва 193, маҳаллаҳои Бинокорон ва Комбинати коркарди чӯб қатъ мегардад.

Шаҳрдорӣ аз сокинон хоҳиш мекунад, ки захираи зарурии оби ошомиданиро омода созанд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.