Хонандагони мактаб дар Тоҷикистон кай ба таътили тирамоҳӣ мебароянд?

Пас аз як қариб ҳафта, таътили тирамоҳӣ барои хонандагони мактаб, ки аз 1 то 10-уми ноябр муқаррар шудааст, оғоз мешавад. Дар ин бора ба “Азия-Плюс” сардори маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ Наврӯз Мирзо хабар дод. Номбурда зикр кард, ки таътили тирамоҳӣ дар тамоми муассисаҳои таълимӣ аз 1-ум оғоз гардида, то 10-уми ноябр идома […]

Манзума Фирӯз, Asia-Plus

Пас аз як қариб ҳафта, таътили тирамоҳӣ барои хонандагони мактаб, ки аз 1 то 10-уми ноябр муқаррар шудааст, оғоз мешавад. Дар ин бора ба “Азия-Плюс” сардори маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ Наврӯз Мирзо хабар дод.

Номбурда зикр кард, ки таътили тирамоҳӣ дар тамоми муассисаҳои таълимӣ аз 1-ум оғоз гардида, то 10-уми ноябр идома меёбад. То рӯзи 31-уми октябр дар мактабҳо натоиҷи чоряки аввал ҷамъбаст мешавад.

Вай ҳамчунин афзуд, ки дар рӯзҳои таътили моҳи ноябр кӯдакон ба озмунҳои “Илм – чароғи маърифат”, “Тоҷикистон ватани ман” ва “Фуруғи субҳи донои китоб аст” омода мешаванд.

Бояд гуфт, ки дар Тоҷикистон хонандагони мактаб дар як сол 4 маротиба ба таътил мебароянд. Таътили тирамоҳӣ, зимистона, баҳорӣ ва тобистона.

Наврӯз Мирзо дар мавриди таътили зимистонаи мактаббачагон гуфт, ки “то ҳол тағйироте ба назар нарасидааст ва аз обу ҳаво вобаста аст, ки рӯзҳои таътили зимистона тамдид мешавад ё на”.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.