Бег Сабур: Дар як ҳафта минтақаҳои беинтернетро рӯйхат кунед!

Сардори Хадамоти алоқа Бег Сабур дирӯз, 23-юми октябр, бо намояндагони ширкатҳои мобилӣ ва ширкатҳои интернетрасон вобаста ба мушкилоти соҳаи алоқа мулоқот анҷом додааст. Дар ин бора дар сомонаи расмии Хадамот хабар дода мешавад. Мувофиқи иттилои нашршуда, Бег Сабур дар ин вохӯрӣ масъалаҳои тезонидани раванди гузариш ба пардохтҳои ғайринақдӣ, ҳалли мушкилоту монеаҳои мавҷуда ва таъмини дастрасии […]

Asia-Plus

Сардори Хадамоти алоқа Бег Сабур дирӯз, 23-юми октябр, бо намояндагони ширкатҳои мобилӣ ва ширкатҳои интернетрасон вобаста ба мушкилоти соҳаи алоқа мулоқот анҷом додааст. Дар ин бора дар сомонаи расмии Хадамот хабар дода мешавад.

Мувофиқи иттилои нашршуда, Бег Сабур дар ин вохӯрӣ масъалаҳои тезонидани раванди гузариш ба пардохтҳои ғайринақдӣ, ҳалли мушкилоту монеаҳои мавҷуда ва таъмини дастрасии комили шаҳрвандон бо интернети баландсуръатро баррасӣ кардааст.

Вобаста ба гузариш ба низоми пардохти ғайринақдӣ Бег Сабур ба масъулин супориш додааст, ки ҳамкорӣ бо бонкҳо ва ташкилотҳои молиявиро беш аз пеш тақвият бахшида, мушкилоту монеаҳо дар сатҳи ҷамоату деҳаҳоро бартараф кунанд.

Мавҷи заифи алоқа ва интернет

Ба гуфтаи манбаъ, сардори Хадамот дар вохӯрӣ ба масъулин супориш додааст, то манотиқеро, ки дар он ҷойҳо дастрасӣ ба алоқаи мобилӣ ва интернет заиф аст, муайян карда, барои бартараф сохтани камбудиҳо дастбакор шаванд.

Барои ин аз ҳисоби масъулини Хадамоти алоқа, ширкатҳои мобилӣ ва сохторҳои дигар гурӯҳи корӣ ташкил шуда, барои омода намудани ҳисоботи мукаммал ба онҳо як ҳафта муҳлат дода шудааст.

“Пас аз пурра муайян гардидани ин гуна минтақаҳо, мушкилоти алоқаи мобилӣ ва интернет дар кӯтоҳтарин муҳлат бартараф шавад”, – ба масъулин супориш додааст Бег Сабур.

Гуфтан зарур аст, ки ҳоло дар баъзе манотиқи кишвар мавҷи алоқа бисёр заиф буда, интернет тақрибан кор намекунад.

Аз он ҷумла, муштариён шикоят доранд, ки дар деҳоти шаҳри Панҷакент мавҷи алоқаи ширкати “Zet-Mobile” хеле заиф буда, интернети ин ширкат тамоман фаъолият намекунад.

Сокинони дигар минтақаҳои наздисарҳадӣ, ба мисли Фархор, Панҷ ва Лахш ҳам мегӯянд, ки мавҷи алоқаи ширкатҳои “Zet-Mobile”, “Tcell” ва “O Mobile” суст аст ва интернети ин ширкатҳо тақрибан кор намекунад.

“Нархи интернетро арзон ва сифати онро хуб кунед!”

Дар ҳамин ҳол, дар вохӯрии Бег Сабур бо намояндагони ширкатҳои мобилӣ ва ширкатҳои интернетрасон масъалаҳои арзон намудани нархи интернет ва зангҳои телефонӣ, ҳамчунин баланд намудани сатҳу сифати он баррасӣ шудаанд.

“Ҳарчанд то имрӯз нархи интернет ва зангҳои телефонӣ арзонтар шудааст, аммо он қонеъкунанда набуда, дар ин замина ба тамоми ширкатҳои мобилӣ ва провайдерҳои интернетӣ супориш дода мешавад, ки ҷиддан талош намоянд”, – гуфтааст Бег Сабур.

Ин дар ҳолест, ки мувофиқи раддабандии Speedtest Global Index аз рӯйи суръати интернет ҷойгоҳи Тоҷикистон аз рӯйи нишондоди моҳи августи соли 2023 бадтар шудааст. Кишвари мо аз поёни рӯйхат дар ҷои 6-ум бо суръати миёнаи зеркашӣ – 9,61 Мб/с ва суръати миёнаи боргузорӣ – 5,71 Мб/с дар байни 145 давлати дунё қарор гирифтааст.

Аз рӯйи нархи интернети мобилӣ низ Тоҷикистон мавқеашро аз даст дода, дар рейтинги Worldwide mobile data pricing мувофиқи нишондоди моҳи август байни 237 кишвар дар ҷойи 142-юм қарор гирифтааст. Муаллифони рейтинг нархи миёнаи як гигабайт интернетро дар Тоҷикистон 1,65 доллар, арзонтаринро 0,17 доллар ва баландтаринро 13,64 доллар ҳисоб кардаанд.

Дар охири соли 2022 кишвари мо дар байни 230 кишвари ҷаҳон дар ҷойи 103-юм қарор дошт.

Мушкили лимити барқ ва алоқа

Масъалаи дигари ин вохӯрӣ таъмини алоқаи мобилӣ дар фасли сармо дар гӯшаву канори мамлакат будааст.

Дар вохӯрии мазкур зикр гардидааст, ки дар ин замина аз муштариён арзу шикоятҳои зиёд мерасад, аз ин рӯ, ҳамкории зич бо “Барқи тоҷик” зарур дониста шудааст.

Ширкатҳои мобилӣ муваззаф шудаанд, ки “тамоми талошҳоро ба харҷ диҳанд, то аҳолӣ дар фасли сармо низ шабонарӯз бо алоқаи мобилӣ ва интернет таъмин бошанд”.

Ҳамзамон, аз масъулин хоста шудааст, ки ҷиҳати расидагӣ ба арзу шикояти муштариёни алоқаи мобилӣ ва корбарони интернет аз тамоми гӯшаву канори кишвар чораҳои қатъӣ андешанд.

Ёдовар мешавем, ки раисҷумҳури кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар паёми охирини худ рӯзи 23-юми декабри соли 2022 аз сифари пасту нархи баланди интернет ва дигар мушкилоти алоқа интиқод карда, ба Хадамоти алоқа дастур дода буд, ки барои бартараф кардани он дастбакор шаванд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио

Хонандагону донишҷӯён дар Тоҷикистон кай ба таътили тобистона мебароянд?

Аз Вазорати маориф гуфтанд, имсол ҳам дар мактабҳо “Занги охир” таҷлил намешаад.

Душанбеи хунин. Куштори Юсуф Исҳоқӣ ва Минҳоҷ Ғуломов, ду шоҳсутуни тибби тоҷик

Имрӯз зодрӯзи Юсуф Исҳоқӣ, табиби тоҷик, доктори илмҳои тиб аст.