Ширкати Дубай дар Данғара корхонаи истеҳсоли сигор месозад

Палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ Созишномаи сармоягузорӣ байни ҳукумати Тоҷикистон ва ширкати "OXUS INTERAZIA FZCO" оид ба сохтмон ва ба истифода додани корхонаи истеҳсоли тамоку дар Минтақаи озоди иқтисодӣ (МОИ)-и "Данғара"-ро тасдиқ кард. Қарори дахлдори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон аз 2 октябри соли равон имрӯз, 26 октябр дар Портали иттилооти ҳуқуқии Вазорати адлияи ҷумҳурӣ нашр […]

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ Созишномаи сармоягузорӣ байни ҳукумати Тоҷикистон ва ширкати "OXUS INTERAZIA FZCO" оид ба сохтмон ва ба истифода додани корхонаи истеҳсоли тамоку дар Минтақаи озоди иқтисодӣ (МОИ)-и "Данғара"-ро тасдиқ кард.

Қарори дахлдори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон аз 2 октябри соли равон имрӯз, 26 октябр дар Портали иттилооти ҳуқуқии Вазорати адлияи ҷумҳурӣ нашр шудааст.

“Ҳукумати ҶТ бо тартиби муқарраргардида Ширкати "OXUS INTERAZIA FZCO"-ро дар бораи аз ҷониби Тоҷикистон иҷро гардидани расмиёти дохилидавлатие, ки барои эътибор пайдо кардани Созишнома заруранд, огоҳ намояд”,- омадааст дар қарор.

Созишнома оид ба сохтмон ва ба истифода додани корхонаи истеҳсоли тамоку дар МОИ "Данғара" байни ҷонибҳо 25 майи соли ҷорӣ дар Душанбе имзо шуд.

Дар созишнома зикр мегардад, ки сармоягузор барои амалисозии лоиҳа “захираҳои молиявӣ, технологӣ, кадрӣ ва ғайраҳоро ҷудо мекунад ва ҳукумат розӣ мешавад, ки низоми махсуси ҳуқуқӣ, аз ҷумла низоми махсуси андозӣ ва гумрукиро барои татбиқи лоиҳа пешниҳод месозад”.

Дар назар аст, ки дар марҳилаи аввали лоиҳа сармоягузор барои сохтмон 20 млн доллар маблағгузорӣ кунад. Муҳлати марҳилаи аввали татбиқи лоиҳаи мазкур 18 моҳ муқаррар шудааст.

Иқтидори солонаи корхона пас аз амалисозии марҳилаи аввали лоиҳа истеҳсоли 3 млрд дона сигорро ташкил хоҳад дод.

Дар марҳилаи дуюм сохтмони иқтидорҳои иловагӣ барои афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маснуоти тамоку то 6 млрд дона сигор дар як сол пешбинӣ шудааст. Маблағи умумии лоиҳа дар марҳилаи дуюм 7 млн долларро ташкил дода, муҳлати анҷоми он 6 сол муқаррар шудааст.

Дар матни созишнома гуфта мешавад, ширкати Oxus Interasia FZCO дар Минтақаи озоди Ҷебал Алӣ (АМА) ба қайд гирифта шудааст. Дафтари кории марказии ин ширкат дар шаҳри Дубай воқеъ аст.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.