Қатъи интиқоли об дар баъзе маҳаллаҳои Душанбе

Шаҳрдории Душанбе хабар додааст, ки имрӯз, 26-уми октябр, дар баъзе маҳаллаҳои пойтахт интиқоли оби нӯшокӣ барои як рӯз қатъ мешавад. Интиқоли оби нӯшокӣ тавассути истгоҳи обтаъминкунии “Ҷанубӣ-Ғарбӣ” дар минтақаҳои зерин, аз соати 23-00 рӯзи 26 октябри соли 2023 то соати 23-00 рӯзи 27 октябри соли 2023 қатъ мегардад: – ноҳияи Фирдавсӣ,  шаҳракҳои 42, 43, 46, […]

Asia-Plus

Шаҳрдории Душанбе хабар додааст, ки имрӯз, 26-уми октябр, дар баъзе маҳаллаҳои пойтахт интиқоли оби нӯшокӣ барои як рӯз қатъ мешавад.

Интиқоли оби нӯшокӣ тавассути истгоҳи обтаъминкунии “Ҷанубӣ-Ғарбӣ” дар минтақаҳои зерин, аз соати 23-00 рӯзи 26 октябри соли 2023 то соати 23-00 рӯзи 27 октябри соли 2023 қатъ мегардад:

– ноҳияи Фирдавсӣ,  шаҳракҳои 42, 43, 46, 62, 64 ва 65, маҳаллаҳои Сомон ва Равшангарон, кӯчаҳои Ҷомӣ, Борбад,  Фирдавсӣ  ва Н.Қарабоев  аз 34 то 86/3;

– ноҳияи Сино, маҳаллаҳои Меҳнатобод, Наврӯз, Роҳи нав, Арбобхотун, Чортеппа, шаҳракҳои 32, 33, 52, 53 ва 54,  кӯчаҳои Нахимов, Мир, Юсуф Вафо, А.Қаҳҳорӣ,  П.Сулаймонӣ, Тургенев,  Р.Набиев,  Ханжин, Гипрозем, Балъамӣ, Ҷомӣ, Борбад, Хуҷандӣ  ва шаҳраки Севостопол интиқоли оби нӯшокӣ аз соати 23-00 рӯзи 26 октябри соли 2023 то соати 23-00 рӯзи 27 октябри соли 2023 қатъ мегардад.

Дар робита ба ин, шаҳрдории Душанбе аз сокинон хоҳиш кардааст, ки дар ин рӯз миқдори зарурии обро захира намоянд.

Бояд гуфт, ки давоми даҳ рӯзи охир, ин маротибаи сеюм аст, ки интиқоли оби нӯшокӣ дар баъзе аз манотиқи пойтахт барои муддате қатъ карда мешавад. Қаблан, рӯзҳои 19-20 ва 24-уми октябр ҳам интиқоли оби нӯшокӣ дар баъзе маҳаллаҳои Душанбе қатъ гардида буд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.