Толибон бори дигар аз СММ курсии намояндаи Афғонистонро талаб карданд

Забеҳулло Муҷоҳид, сухангӯи гуруҳи Толибон* аз Созмони Милали Муттаҳид хостааст, ки курсии намояндаи Афғонистон дар ин созмонро ба онҳо диҳад ва афзуда, ки “рад кардани интиқоли ин курсӣ ба Иморати исломӣ таҳқири мардуми Афғонистон хоҳад буд”. Дар ин бора хабаргузории Tolonews иттилоъ медиҳад. Сухангӯи Толибон гуфтааст, ки “намояндаи ҳукумати қаблӣ наметавонад аз Имороти исломӣ намояндагӣ […]

Asia-Plus

Забеҳулло Муҷоҳид, сухангӯи гуруҳи Толибон* аз Созмони Милали Муттаҳид хостааст, ки курсии намояндаи Афғонистон дар ин созмонро ба онҳо диҳад ва афзуда, ки “рад кардани интиқоли ин курсӣ ба Иморати исломӣ таҳқири мардуми Афғонистон хоҳад буд”. Дар ин бора хабаргузории Tolonews иттилоъ медиҳад.

Сухангӯи Толибон гуфтааст, ки “намояндаи ҳукумати қаблӣ наметавонад аз Имороти исломӣ намояндагӣ кунад ва ин курсӣ бояд ба ҳукумати муваққат супорида шавад”.

“СММ ҳадафҳои дигар дорад ва мо роҳи дигареро пеш мебарем, ки истиқлолият, озодӣ ва низоми исломӣ онро талаб мекунад. Табиист, ки роҳи СММ аз роҳи мо фарқ мекунад, аммо агар курсии намояндагӣ дар СММ ба дасти мардуми Афғонистон ва ҳукумате, ки Толибон ташкил кардааст, нагузаранд, ин кор беадолатии бузург ва таҳқир ба мардуми Афғонистон маҳсуб мешавад”, – гуфтааст Забеҳулло Муҷоҳид.

Пас аз суқути ҳукумати қаблӣ сарнавишти намояндаи Афғонистон дар СММ норӯшан боқӣ мемонад.

То 16-уми декабри соли 2021 Ғулом Исҳоқзай намояндагии Афғонистон дар СММ-ро бар ӯҳда дошт, ки аз ҷониби ҳукумати пешин ба ин мақом таъин шуда буд. Худи ӯ ба далели он ки қудрати воқеӣ дар кишвараш ба дасти Толибон гузашт, аз ин мақом истеъфо дод.

Айни ҳол роҳбари муваққати намояндагии Афғонистон Носир Аҳмад Фаиқ аст, ки вай ҳам дар давраи ҳукумати пештара таъйин шуда буд. Ӯ қаблан изҳор дошт, ки нақши СММ дар масъалаи Афғонистон муҳим ва асосӣ аст.

“Нақши СММ дар мисоли Афғонистон калидӣ ва асосӣ аст. Ягона дафтари бузурге, ки ҳоло дар Афғонистон фаъолият мекунад, СММ аст. Ҳарчанд фаъолияти он танҳо бо расонидани кӯмакҳои башардӯстона маҳдуд аст, аммо ҳамчун як созмони бузурги байналмилалӣ нақши хеле муҳим хоҳад дошт”, – гуфта буд Носир Аҳмад.

Ҳанӯз дар моҳи сентябри соли 2021  намояндаи Толибон Суҳайл Шоҳин изҳор карда буд, ки интизор дорад ба зудӣ Афғонистонро дар СММ намояндагӣ кунад.

“Намояндаи доимии маъмурияти Кобул (ҳукумати собиқ) намояндаи Афғонистон ва халқи мамлакат нест. Мо тарафдори аҳолии Афғонистон ҳастем ва тамоми хоки Афғонистонро зери назорат дорем. Ҷойгоҳи Афғонистон дар СММ ҳаққи мост. Умедворем, ки ҳама ба зудӣ ин ҳақиқати тағйирнопазирро дарк хоҳанд кард”, – гуфта буд Суҳайл Шаҳин.

Аз сӯи дигар, коршиноси масоили сиёсӣ Тариқ Фарҳодӣ мегӯяд, “дар қатъномаи СММ аз сентябри соли 2021 шартҳои ба расмият шинохтани Афғонистон ворид шуда, дар он ҳуқуқи занон, кору таҳсили онҳо таъкид шудааст”.

“Инҳо рукнҳои муҳим аст ва бояд дар Афғонистон ҷорӣ шаванд, то Созмони Милали Муттаҳид Афғонистонро эътироф кунад”, – таъкид кардааст Тариқ Фарҳодӣ.

Коршиносони дигар мегӯянд, ки СММ наметавонад курсии Афғонистонро ба Толибон диҳад, зеро ҳукумати Толибон аз ҷониби ҳеҷ як давлати ҷаҳон эътироф нашудааст.

Дар ҳамин ҳол, дар як қатор кишварҳо – Эрон, Русия, Чин, Покистон ва Туркманистон намояндагиҳои дипломатии маҳаллиро бо вуҷуди мақоми расман эътирофнашуда, намояндагони Толибон раҳбарӣ мекунанд.

Ёдовар мешавем, ки Созмони Милали Муттаҳид 24-уми октябри соли 1945 таъсис шуда ва Афғонистон дар соли 1946 узви ин созмон гардидааст.

*Дар Тоҷикистон гурӯҳи террористӣ эътироф шудааст.

Ҳар он чи дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо – "Афғонистон" бихонед.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио