Таркиш дар қаҳвахонаи “Мерве”-и Душанбе

Баъди зуҳри имрӯз, 30-юми октябри соли 2023, дар қаҳвахонаи туркии “Мерве” (воқеъ дар хиёбони Рӯдакии шаҳри Душанбе) таркиш ба амал омад, ки дар пайи он ду нафар ҷароҳат бардоштаанд. Гуфта мешавад, ки сабаби таркиш гази моеъ будааст. Дар ин бора милитсияи Душанбе хабар медиҳад. Манбаъ менависад, ки ҳодиса соати 13:40 аз ҳисоби таркиши гази моеъ […]

Asia-Plus

Баъди зуҳри имрӯз, 30-юми октябри соли 2023, дар қаҳвахонаи туркии “Мерве” (воқеъ дар хиёбони Рӯдакии шаҳри Душанбе) таркиш ба амал омад, ки дар пайи он ду нафар ҷароҳат бардоштаанд. Гуфта мешавад, ки сабаби таркиш гази моеъ будааст.

Дар ин бора милитсияи Душанбе хабар медиҳад.

Манбаъ менависад, ки ҳодиса соати 13:40 аз ҳисоби таркиши гази моеъ ба амал омад.

Ба иттилои ин ниҳод, дар натиҷаи он як корманди қаҳвахона ва як мизоҷи он ҷароҳат бардоштаанд.

"Ҳамзамон як адад воситаи нақлиёти тамғаи "Лексус", ки дар наздикии ошхона қарор дошт, зарари техникӣ дидааст", – гуфтааст милитсияи Душанбе.

Манбаъ афзудааст, ки ҳодисаи мазкур аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ҳамчун ҳодисаи нохуш ба қайд гирифта шуда, мавриди санҷиш қарор дорад.

Бояд гуфт, ки қабл аз ин ҳам дар Тоҷикистон бар асари таркиши балони гази моеъ чандин нафар зарар дида буданд. Аз ҷумла, дар охирин таркиши балони гази моеъ дар норҳияи Панҷи вилояти Хатлон 1 нафар ба ҳалокат расида, чандин каси дигар ҷароҳатҳои гуногун бардошта буданд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.