Писари ректори Донишгоҳи славянӣ 3 сол равонаи зиндон шуд

Комёб Файзулло, писари ректори Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Русия Машраб Файзулло, ки сабабгори ҳалокати Некрӯз Ниёзов овозхони ҷавони тоҷик гардид, 3 сол равонаи зиндон шудааст. Дар ин бора Радиои Озодӣ бо такя ба Додгоҳи ноҳияи Шоҳмансур хабар додааст. Манбаъ навиштааст, ки ӯ барои вайрон кардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ, ки аз беэҳтиётӣ боис ба марги инсон шудааст (моддаи […]

"Азия-Плюс"

Комёб Файзулло, писари ректори Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Русия Машраб Файзулло, ки сабабгори ҳалокати Некрӯз Ниёзов овозхони ҷавони тоҷик гардид, 3 сол равонаи зиндон шудааст. Дар ин бора Радиои Озодӣ бо такя ба Додгоҳи ноҳияи Шоҳмансур хабар додааст.

Манбаъ навиштааст, ки ӯ барои вайрон кардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ, ки аз беэҳтиётӣ боис ба марги инсон шудааст (моддаи 212-и Кодекси ҷиноятӣ)  гунаҳкор ва ҳукмаш ҳудудан чаҳор рӯз пеш содир шудааст.

Машраб Файзулло, падари Комёб дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфтааст, “мошине, ки садама кард, аз ӯ буд, на аз писараш ва шаби ҳодиса писараш мошинро гирифта, куҷое рафтанӣ буд”.

Ӯ афзудааст, аз аввал тақозо кард, ки ҳама чиз дар доираи қонун баррасӣ шавад.

“Ин хел фалокат метавонад ба сари ҳар кас биёяд, ҳеч кас аз ин чизҳо дар амон нест. Писарам аввал дар боздоштгоҳи ВКД буд, баъд ба СИЗО гузаронданд. Барояш хӯрок мебарем, аммо вонахӯрдем. Ман дар мурофиа ширкат накардаам…”, – зикр кардааст ректори Донишгоҳи славянӣ.

Дар ҳамин ҳол, наздикони овозхон Некрӯз Ниёзов гуфтанд, онҳо ба ҷаласаи додгоҳ нарафтанд, “чун фарзандашонро дигар баргардонда наметавонанд”.

Машраб Файзулло ба наздикони Некрӯз Ниёзов изҳори ҳамдардӣ кардааст, вале нагуфтааст, ки аз болои қарори додгоҳ шикоят мебарад ё не.

Ёдовар мешавем, ки рӯзи 21-уми сентябр тахминан соати 22:30 дар кӯчаи ба номи А.Дониш, назди тарабхонаи “Боми ҷаҳон” дар натиҷаи ба ҳам бархӯрдани ду мошин, ки дар сари чанбараки яке аз онҳо Комёб Файзуллои 18-сола менишаст, Некрӯз Ниёзов ба ҳалокат расид.

Тибқи маълумоти пешакии Раёсати корҳои дохилии пойтахт, мошини писари ректор баъди бархӯрд бо мошини дигар овозхонро пахш кардааст.

Дар сари чанбараки мошини дигарӣ Аҳтамзода Оятуллои 19-сола буд. Ҳарду донишҷӯи факултаи иқтисодии Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Русия ҳастанд.

Ҳалокати Некрӯз Ниёзов, яке аз овозхонҳои ҷавони тоҷик бо ширкати писари 18-солаи яке аз мансабдорони дар шабакаҳои иҷтимоӣ баҳси тундеро ба миён овард. Корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ ба он ишора карданд, ки фарзандони мансабдорон пас аз чунин ҳодисаҳо ба таври қотеъ муҷозот намешаванд ва бо баҳонае аз масъулият раҳо мегарданд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.