Боздошти як зани тоҷик дар Маскав, ки барои қаллобӣ дар Тоҷикистон ҷустуҷӯй мешуд

Бо дархости мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон дар шаҳри Маскави Русия Таҳмина Олимова, зане, ки бо гумони қаллобӣ бо миқдори махсусан калон дар ҷустуҷӯй қарор дошт, боздошт гардидааст. Дар ин бора Бюрои миллии “Интерпол”-и Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дар саҳифаи фейсбукаш хабар додааст. Манбаъ навиштааст, ки Таҳмина Олимова аз моҳи август то декабри соли 2022 ба […]

Asia-Plus

Бо дархости мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон дар шаҳри Маскави Русия Таҳмина Олимова, зане, ки бо гумони қаллобӣ бо миқдори махсусан калон дар ҷустуҷӯй қарор дошт, боздошт гардидааст. Дар ин бора Бюрои миллии “Интерпол”-и Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дар саҳифаи фейсбукаш хабар додааст.

Манбаъ навиштааст, ки Таҳмина Олимова аз моҳи август то декабри соли 2022 ба боварии чанд нафар даромада, аз онҳо беш аз 3 млн рубли Русияро гирифта, ваъда додааст, ки онро бо қурби мусоиди асъори хориҷӣ иваз мекунад. Вале маблағро аз худ  карда, ба Русия фирор кардааст.

«Ӯ дар ҷустуҷӯи байналмилалӣ қарор дошт. Дар натиҷаи ҳамкории мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Русия ва Тоҷикистон макони будубоши зан муайян гардида, ӯ дастгир карда шуд. Дар ҳоли ҳозир масъалаи истирдоди боздоштшуда ба Тоҷикистон барррасӣ шуда истодааст”, – омадааст дар хабар.

Ӯро кормандони Бюрои миллии марказии Интерполи Вазорати корҳои дохилии Русия дар якҷоягӣ бо кормандони фаврии Сарраёсати ВКД Русия дастгир кардаанд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.