Аз мубориза бо терроризм то истирдоди ҷинояткорон. Мулоқоти Юсуф Раҳмон бо ҳамтои чиниаш Чин Ин Юн

Date:

Ҳамкорӣ дар самти мубориза бо терроризму экстримизм, киберҷинояткорӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ ва масъалаҳои амниятӣ аз масоиле будааст, ки Юсуф Раҳмон, додситони кулли Тоҷикистон зимни сафари худ ба Чин ва мулоқот бо додситонии кулли ин кишвар Чин Ин Юн баррасӣ намудааст.

Дар ин мулоқот, ки имрӯз, 7-уми ноябр, баргузор гардидааст, ҳамчунин, масъалаҳои истирдоди ҷинояткорон, расонидани ёрии ҳуқуқӣ оид ба парвандаҳои ҷиноятӣ ва дигар ёрии мутақобилаи ҳуқуқӣ ба мувофиқа расонида шуд. Ҷонибҳо муҳимияти густариши ҳамкории зич миёни ниҳодҳои дахлдори ҳифзи ҳуқуқи ҷонибҳоро ҷиҳати ҳалли ин масъалаҳо таъкид намуданд.

Ёдовар мешавем, ки додситони кулли кишвар пештар аз ин бо додситони кулли Қатар низ мулоқот карда, чандин шартномаи ҳамкорӣ имзо намуда буд.

Қаблтар аз ин бошад, Юсуф Раҳмон ба чандин кишварҳои Аврупоӣ низ сафар карда, бо додситонҳои кулли давлатҳои аврупоӣ шартномаҳои ҳамкорӣ имзо намуда буд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Қонуни авф барои як соли дигар тамдид шудааст. Акнун танҳо пулро метавон қонунӣ кард

Мақомоти Тоҷикистон муҳлати маъракаи қонунигардонии воситаҳои пулии шаҳрвандони ҷумҳуриро...

Раиси Додгоҳи олӣ: “Парвандаи Исматулло Абдуллозода ба додгоҳ наомадааст”

Раиси Додгоҳи олӣ гуфт, парвандаи Исматулло Абдуллозода, роҳбари пешини...