Дар 9 моҳ қарзи андоз 166 млн сомонӣ зиёд шуд. Кадом ширкатҳо андозро пардохт накарданд?

Дар 9 моҳи соли равон бақияи қарзи андоз дар Тоҷикистон 166,3 миллион сомонӣ афзоиш ёфта, то 1-уми октябри соли ҷорӣ 894,4 миллион сомониро ташкил додааст. Дар ин бора Нозим Меликзода, муовини раиси Кумитаи андози Тоҷикистон дар иҷлосияи навбатии палатаи поёни парлумони Тоҷикистон рӯзи 2-юми ноябр иброз дошт, хабар медиҳад, рӯзномаи  “Садои мардум”. Номбурда гуфтааст, ҳарчанд […]

Asia-Plus

Дар 9 моҳи соли равон бақияи қарзи андоз дар Тоҷикистон 166,3 миллион сомонӣ афзоиш ёфта, то 1-уми октябри соли ҷорӣ 894,4 миллион сомониро ташкил додааст. Дар ин бора Нозим Меликзода, муовини раиси Кумитаи андози Тоҷикистон дар иҷлосияи навбатии палатаи поёни парлумони Тоҷикистон рӯзи 2-юми ноябр иброз дошт, хабар медиҳад, рӯзномаи  “Садои мардум”.

Номбурда гуфтааст, ҳарчанд нақшаи андоз дар ин давра 106,2 дарсад иҷро гардид, вале аз ҳисоби ширкатҳое чун ҶСК “Ширкати Алюминийи Тоҷик”, ҶСК “Тоҷиктелеком”, ЧДММ “Ширкати кӯҳӣ — саноатии Тоҷикистону Хитой”, ҶДММ “Ширкати металлургии “Анзоб”, ҶСК “Талко Голд” ва ширкатҳои мобилӣ ба буҷет 349 миллион сомонӣ ворид нашуд.

Ба таъкиди вай, “сабаби таъмин нагардидани иҷрои нақша аз ҳисоби субъектҳои номбурда чун солҳои қаблӣ таъмин нашудани иҷрои дурнамои нишондиҳандаҳои ин корхонаҳо, нокифоя афзоиш ёфтани манбаъҳои андозбандӣ, бо фоидаи ночиз ҷамъбаст намудани фаъолият ва дигар омилҳо вобастагӣ дорад”.

Ин масъули Кумитаи андоз гуфтааст, дар ин давра аз 13,6 ҳазор андозсупорандаи қарздор 812 миллион сомонӣ рӯёнидаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 133,9 миллион сомонӣ зиёд мебошад.

Дар натиҷаи анҷом додани корҳои назоратӣ 994,1 миллион сомонӣ ошкор карда, ба буҷет бо назардошти қарзҳои солҳои қаблӣ 872 миллион сомонӣ ворид шуд. Ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 303,4 миллион сомонӣ зиёд мебошад.

Дар ҷаласа, Файзиддин Қаҳҳорзода, вазири молияи Тоҷикистон иттилоъ додааст, ки иҷрои нақшаи қисми даромади буҷети давлатӣ дар 9 моҳи соли раовн 101,6 фоиз таъмин гардида, ба буҷет 30,5 млрд. сомонӣ ворид шудааст.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.