Тавре қаблан иттилоъ дода будем, имрӯз Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон бо сафари корӣ ба вилояти Суғд сафар кард.
Зимни ин сафар Президенти Тоҷикистон як қатор иншоотҳо ва муассисаҳои навбунёдро мавриди истифодабарӣ қарор дод.
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бинои Осорхонаи ҷумҳуриявии академик Бобоҷон Ғафуровро баъди таъмир ва навсозӣ ба истифода дода шуд.
Осорхонаи мазкур аз гӯшаи алоҳида, аз ҷумла “Даврони наврасӣ, таҳсил ва ташаккули Бобоҷон Ғафуров”, “Оғози фаъолияти меҳнатӣ: Бобоҷон Ғафуров корманди комсомол ва рӯзноманигор”,“Мероси мактуб: мукотиботи Бобоҷон Ғафуров” иборат мебошад.
Дар ин осорхона гӯшаи алоҳида оид ба кору фаъолият, дастовардҳои илмӣ ва мукофоту туҳфаҳои академик Бобоҷон Ғафуров ташкил гардида, гӯшаи дигар ба китоби “Тоҷикон” бахшида шудааст.
Ҳамчунин, дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров марҳилаи аввали “Лоиҳаи барқарорсозӣ ва сохтмони шабакаҳои оби нӯшокии деҳоти Зарзамин” мавриди истифода қарор дода шуд. Зикр гардид, ки бо пурра татбиқ шудани лоиҳаи мазкур, ки ду марҳиларо дар бар мегирад, зиёда аз 14 ҳазор нафар сокинони деҳоти Зарзамин бо оби ошомиданӣ таъмин хоҳанд шуд.
Дар ҷамоати деҳоти Хистеварзи ин ноҳия бошад, бинои иловагии мактаби №40 мавриди истифода қарор дода шуд.
Ин муассиса соли 1967 барои таҳсили 320 нафар хонанда бунёд гардида буд. Бинои иловагии нав дорои 8-синфхона барои таҳсили 480 нафар хонанда дар ду баст пешбинӣ шудааст.
Инчунин, дар ин мавзеъ Муассисаи таълимии давлатии “Литсейи рақами 1” низ мавриди истифода қарор дода шуд. Муассиса дорои 48 синфхона барои 2400 хонанда дар ду баст пешбинӣ гардидааст. Дар ин муассиса равияи таълим асосан тариқи омӯзиши илмҳои табииву риёзӣ ба роҳ монда шудааст.
Дар деҳаи Обшорони ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бинои нави муассисаи томактабии №14 ба номи “Ситораҳои дурахшон”-ро ифтитоҳ гардид. Он аз се ошёна иборат буда, дорои ҳуҷраҳои корӣ, машғулиятгузаронию истироҳатӣ мебошад ва барои таълиму тарбияи 200 нафар кӯдак пешбинӣ шудааст. Бо ба истифода додани бинои нав дар ин муассиса ҳамакнун 460 нафар метавонанд дар он таълиму тарбия гиранд.
Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин аз сардхонаҳои Боғи милии “Ваҳдат” боздид намуд. Сардхонаи мазкур имкони ғунҷоиши беш аз 1500 тонна маҳсулоти кишоварзиро дорад.
Боғи миллии “Ваҳдат” соли 2008 таъсис ёфта, 527 гектар замини боғу токзор дорад, ки дар онҳо дарахтони меваҳои содиротӣ парвариш карда мешавад.
Роҳбари давлат дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров аз намоишгоҳи маҳсулоти кишоварзии сокинони вилоят дидан карда, бо вазъи соҳа ва дастовардҳои меҳнаткашон шинос шуд.
Дар намоишгоҳи маҳсулоти кишоварзӣ, бахусус намоиши картошка 14 шаҳру ноҳияи кишоварзии вилояти Суғд иштирок карданд.
Тибқи маълумот, дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории вилоят дар майдони 25 ҳазору 712 гектар ва дар хоҷагиҳои кишоварзӣ 16 ҳазору 335 гектар кишти картошка гузаронида шуд, ки нисбати соли гузашта мутаносибан 1 ҳазору 496 гектар ва 1 ҳазору 26 гектар зиёд мебошад.
Сафари кории Эмомалӣ Раҳмон дар вилояти Суғд идома дорад ва дар назар то рӯзи 16-уми ноябр давом меёбад.


