Чор тоҷике, ки бо гумони оташ задани вагони муҳоҷирон дар Иркутск боздошт шуда буданд, озод шудаанд

Чор шаҳрванди Тоҷикистон, ки бо иттиҳоми оташ задани вагони муҳоҷирон дар вилояти Иркутски Русия боздошт шуда буданд, 2 солу 9 моҳ ҳукми ҳабс гирифта ва ба далели ду сол дар боздошт будан, аз толори додгоҳ раҳо шуданд. Тавре Радиои Озодӣ бо такя ба яке аз наздикони муҳоҷирон хабар медиҳад, ҳукми Маҳмадтоҳир Ашӯров, Қурбонмад Содиқов, Далер […]

Asia-Plus

Чор шаҳрванди Тоҷикистон, ки бо иттиҳоми оташ задани вагони муҳоҷирон дар вилояти Иркутски Русия боздошт шуда буданд, 2 солу 9 моҳ ҳукми ҳабс гирифта ва ба далели ду сол дар боздошт будан, аз толори додгоҳ раҳо шуданд.

Тавре Радиои Озодӣ бо такя ба яке аз наздикони муҳоҷирон хабар медиҳад, ҳукми Маҳмадтоҳир Ашӯров, Қурбонмад Содиқов, Далер Ҳасанов ва Ҷумъабой Искандаровро дирӯз, 13-уми ноябр, Додгоҳи вилояти Иркутск содир кардааст.

Додгоҳ ин чор шаҳрванди Тоҷикистонро аввал ба “авбошӣ” ва “қасди куштор” муттаҳам мекард, вале баъдан иттиҳоми “қасди куштор” аз парванда гирифта шуд.

Чор шаҳрванди Тоҷикистон бо иттиҳоми “авбошӣ” ба 2 солу 9 моҳ ҳукми зиндонро гирифтаанд. Аммо ба далели ду сол дар боздошт будан, як соли боздоштро ба якуним соли зиндон ҳисоб намуда, онҳоро аз толори додгоҳ озод кардаанд.

Интизор меравад, ки муҳоҷирони раҳошуда имшаб, 14-уми ноябр, ба Тоҷикистон баргарданд.

Яке аз волидони ин муҳоҷирон ба Радиои Озодӣ гуфтааст, ки ҳарчанд боздошту ҳукм ноодилона буд, вале аз раҳоии фарзандонашон хушҳоланд.

Бояд гуфт, як гурӯҳ сокинони маҳаллӣ шаби 12-уми ноябри соли 2021 дар деҳаи Заларии Иркутск ба вагоне, ки 7 муҳоҷири тоҷик зиндагӣ мекарданд, ҳуҷум карда, онро оташ заданд.

Дар натиҷаи сӯхтор, Насимҷони Сайидалии 21-сола ва Сироҷиддин Гулзодаи 19-сола, ду муҳоҷири тоҷик, ҳалок шуданд.

Дар пайи ин, мақомоти Русия чор ҳамроҳи кушташудагон – муҳоҷирони ҷабрдида Маҳмадтоҳир Ашӯров, Қурбонмад Содиқов, Далер Ҳасанов ва Ҷумъабой Искандаровро бо гумони “авбошӣ” ва “қасди куштор” боздошт карданд.

Ба навиштаи матбуоти Русия, рӯзи сар задани ҳодиса муҳоҷирон бо чанд сокини маҳаллӣ баҳс кардаанд ва сокинон ҳамроҳ бо як милиса шабона ба макони зисти муҳоҷирон ҳамла кардаанд.

Мақомоти Русия баъди эътирози ниҳодҳои Тоҷикистон нисбат ба як корманди Шӯъбаи кофтукоби ҷиноии Иркустк ва се ҷавони маҳаллӣ парванда боз кард, аммо моҳи августи имсол Додгоҳи шаҳри Иркутск онҳоро бегуноҳ эътироф карда, аз толори додгоҳ озод кард.

Гуфтан ба маврид аст, ки ду сол пеш Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон аз мақомоти рус талаб карда буд, ки ҳодисаро одилона таҳқиқ кунанд.

Ёдовар мешавем, ки баъди боз шудани парвандаи ҷиноятӣ нисбати 4 шаҳрванди Тоҷикистон, модари чор муҳоҷири тоҷик дар номае аз Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон хоста будманд, то ба Владимир Путин занг занад ва барои озодии фарзандонашон кумак кунад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.