Қадами Қурбон таъмири роҳи Чагамро тасдиқ кард, аммо гуфт, “барои пурра мумфаш кардани он маблағ лозим”

Қадами Қурбон, овозхон ва ширинкори тоҷик бо ҳамдеҳагонаш роҳи мошингарди деҳаи Чагам – Кӯлобро ободу васеъ кардаанд, аммо барои мумфарш кардани он маблағ наёфтаанд. Ӯ дар суҳбат ба “Азия-Плюс” гуфт, ки бо ҳамдеҳагонаш якҷо роҳи мошингузари деҳаашонро васеъ ва тармим кардаанд, то мушкили мардум осон шавад, аммо хабари мумфарш кардани ин роҳ ҳақиқат надорад. Дар […]

Asia-Plus

Қадами Қурбон, овозхон ва ширинкори тоҷик бо ҳамдеҳагонаш роҳи мошингарди деҳаи Чагам – Кӯлобро ободу васеъ кардаанд, аммо барои мумфарш кардани он маблағ наёфтаанд.

Ӯ дар суҳбат ба “Азия-Плюс” гуфт, ки бо ҳамдеҳагонаш якҷо роҳи мошингузари деҳаашонро васеъ ва тармим кардаанд, то мушкили мардум осон шавад, аммо хабари мумфарш кардани ин роҳ ҳақиқат надорад.

Дар хусуси мумфарш кардани роҳи Чагам – Кӯлоб аз ҷониби Қадами Қурбон чанде пештар дар шабакаҳои иҷтимоӣ шоир Хайрандеш хабар дода буд.

Қадами Қурбон мегӯяд, ки дарвоқеъ бо ҳамдеҳагонаш роҳи Чагам – Кӯлобро каме фарроху ҳамвор кардаанд, вале “барои пурра мумфарш кардани он маблағ лозим аст”.

“Барои пурра мумфарш кардани роҳ маблағ лозим, вале мо чунин маблағро надорем. Хеле мехоҳем ин корро анҷом диҳем, ки меҳмоне ба деҳа ояд, роҳат аз роҳ истифода барад. Вале ҳоло шарит даст намедиҳад, ки ин корро анҷом диҳем”, – гуфт Қадами Қурбон.

Ӯ таъкид кард, ки дар ин кор ҳамаи ҳамдеҳагонаш саҳм гузоштаанд.

“Аз мақомоти ноҳияи Шамсиддини Шоҳин техникаи лозима бо мутахассис  оварда, роҳро ҳамвор, фарох ва пок кардем”, – зикр Қадами Қурбон.

Дар идомаи суҳбат, Қадами Қурбон овозаҳо дар бораи он, ки баъди иштирок дар барномаи Андрей Малахов – “Песня от всей души”  серпул шудааст, рад кард.

“Ба ин барнома аз ҷониби ровии он даъват шудам. Хароҷоти рафту омад ҳам аз ҷониби дастандаркорони ин барнома пардохт гардид, аммо ба ман касе маблағ надодааст”, – гуфт Қадами Қурбон.

Ӯ мегӯяд, аз иштирок дар барнома рӯҳбаланд шудааст ва ҳангоми  муаррифии Тоҷикистон ҳаяҷонзада гардидааст, аммо бо ин ҳама кӯшидааст шоиста баромад намояд.

Қадами Қурбон дар бораи бархӯрди қисме аз ҷомеа ба баромадаш дар барномаи Андрей Малахов гуфт, ки “аз баромад шод шудам ва ҳеҷ кори баде накардаам”.

Бояд гуфт, ки моҳи гузашта овозхон ва ширинкори тоҷик Қадами Қурбон бо иҷрои таронаҳои шӯх дар барномаи “Песня от всей души”-и Андрей Малахов ширкат кард. Барнома рӯзи 29-уми октябри соли 2023, дар шабакаҳои телевизионии Русия нашр шуд.

Иштироки Қадами Қурбон дар ин барнома вокуниши гуногунро дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба бор овард. Гуруҳе ӯро барои “муаррифии нодуруст”-и Тоҷикистон интиқод карданд, аммо теъдоде ҳам аз ӯ пуштибонӣ карда, зикр намуданд, ки ӯ ҳақ дорад дар дилхоҳ барнома иштирок ва баромад кунад.

Бояд гуфт, ки Қадами Қурбон яке аз овозхонҳои дар чанд соли охир шӯҳратёфтаи тоҷик аст, ки бештар сурудҳои шӯху тӯёна месарояд. Ӯ 1-уми феврали соли 1974 дар деҳаи Чагами ноҳияи Шамсиддин Шоҳин дар оилаи омӯзгор таваллуд шудааст. Падараш Гулмаҳмад Қурбонов, омӯзгори фанни химия ва биология буд. Модараш қаҳрамонмодар аст.

Ӯ дар мактаби №11-и ба номи Алишер Навоӣ (ҳоло МТМУ № 33) таҳсил кардааст. Солҳои 1993 – 1995 дар сафҳои Қувваҳои мусаллаҳи ҶТ хидмати ҳарбиро адо кардааст.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.

Як донишҷӯйро барои паҳни адабиёти динӣ наздики 5,5 ҳазор сомонӣ ҷарима кардаанд

Ин ҷавон аз Шаҳритӯс маводҳои диниро бидуни гирифтани хулосаи ташхиси давлатии диншиносӣ паҳн кардааст.

Дар Тоҷикистон хамираҳои дандоншӯии қалбакии “SPLAT” ошкор шудааст. “Тоҷикстандарт” ҳушдор медиҳад

Бо тавсияҳои ин ниҳод ва намунаҳои қалбакии ин хамираҳо дар ин хабари мо шинос шавед.

Мавқеи Тоҷикистон дар Шохиси шаффофияти буҷет беҳтар шудааст, вале ҳанӯз нокофӣ аст

“Шабакаи байналмилалии буҷетӣ” радабандии шаффофияти буҷетро барои соли 2025 нашр кардааст.