Афзоиши бемории зардпарвин дар Суғд

Давоми 10 моҳи соли равон дар ҳудуди вилояти Суғд беш аз 1 ҳазору 500 ҳолати гирифторӣ ба бемории сироятии зардпарвин – намуди “А”   сабт гардидааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 200 ҳолат бештар будааст. Таҳмина Усмонова, директори Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии вилояти Суғд мегӯяд, ки ҳарчанд давоми соли ҷорӣ гирифторӣ ба бемории […]

Фарзона Муродӣ, махсус барои "Asia-Plus"

Давоми 10 моҳи соли равон дар ҳудуди вилояти Суғд беш аз 1 ҳазору 500 ҳолати гирифторӣ ба бемории сироятии зардпарвин – намуди “А”   сабт гардидааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 200 ҳолат бештар будааст.

Таҳмина Усмонова, директори Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии вилояти Суғд мегӯяд, ки ҳарчанд давоми соли ҷорӣ гирифторӣ ба бемории зардпарвин нисбат ба соли гузашта афзоиш ёфтааст, аммо дар умум, бино ба таҳлилҳои панҷ соли охир, вазъ муътадил аст.

Ба гуфтаи Усмонова сабаби афзоиши беморӣ фаро расидани мавсими сардӣ ва риоя накардани шароити нигоҳдошти бемор аст.

“Бояд макони нигоҳдории бемор алоҳида бошад, қоидаҳои бехатарӣ аз сироят риоя гардад, хонандагону тарбиятгирандагони боғча то пурра сиҳат шудан, дар хона монанд. Наздикони бемор бояд ба муассисаи тандурустӣ муроҷиат кунанд”, – мегӯяд Таҳмина Усмонова.

Ӯ мегӯяд, риоя нашудани қоидаҳои номбаргардида яке аз сабабҳои афзоиши беморӣ мебошад.

Таҳлилҳои Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии вилояти Суғд нишон додааст, ки аксари беморон нафарони то синни 17-сола мебошанд.

Бемории зардпарвин (зардча) дар фасли тирамоҳ хурӯҷ карда, сабаби асосии афзоиши он зиёдшавии вирусҳои барангезанда мебошад. Дар илми тиб зардпарвинро гепатит низ ном мебаранд. Он вирусе мебошад, ки дар таркиби хун нашъунамо менамояд. Нишонаҳои аввалини ин беморӣ камқувватӣ, беҳолӣ, нотобӣ, зуд хасташавӣ, пастшавии иштиҳо ва эҳсоси дилбеҳузурӣ мебошанд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Пас аз мусобиқаи силсилаи “Тоскулоҳи бузург” дар Душанбе, дар радабандии ҷаҳонии IJF ду натиҷаи таърихӣ барои Тоҷикистон сабт шуд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 8 майи соли 2026

Аз таъсиси Конфедератсияи футболи Осиё то Рӯзи ҷаҳонии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар.

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.