Марҳилаи интихобии Ҷоми ҷаҳон оид ба футбол 2026: Тоҷикистон бо Урдун бозӣ мекунад

Пагоҳ, 16-уми ноябр, соати 18:00, тими миллии футболи Тоҷикистон бо дастаи мунтахаби Урдун дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявии шаҳри Душанбе рақобат мекунад. Дар ин бора Федератсияи футболи Тоҷикистон иттилоъ медиҳад. Бозии мазкур дар доираи марҳилаи интихобии Ҷоми ҷаҳон оид ба футбол 2026 баргузор мешавад. Ин нахустин бозӣ дар марҳилаи интихобии Ҷоми ҷаҳонии футбол-2026 дар гурӯҳи G […]

Муҳаммадшарифи Ёрмуҳаммад, махсус барои "Asia-Plus"

Пагоҳ, 16-уми ноябр, соати 18:00, тими миллии футболи Тоҷикистон бо дастаи мунтахаби Урдун дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявии шаҳри Душанбе рақобат мекунад. Дар ин бора Федератсияи футболи Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.

Бозии мазкур дар доираи марҳилаи интихобии Ҷоми ҷаҳон оид ба футбол 2026 баргузор мешавад. Ин нахустин бозӣ дар марҳилаи интихобии Ҷоми ҷаҳонии футбол-2026 дар гурӯҳи G мебошад.

Дар ин рақобат дастаи мунтахаби Тоҷикстон бо либоси сафед ва тими Урдун бо либоси сурх вориди майдон мешаванд.

Гуфта мешавад, ки то имрӯз беш аз 10 ҳазор чиптаи ин бозиро мухлисон харидорӣ намудаанд. Федератсияи футболи Тоҷикистон аз мухлисон хостааст, чипатаҳоро аз хазинаи Варзишгоҳи марказии Душанбе дастрас кунанд. Нархи он аз 20 сомонӣ сар мешавад.

Бояд гуфт, дар гуруҳи G-и марҳилаи интихобии Ҷоми ҷаҳонии футбол-2026 якҷо бо Тоҷикистон ва Урдун, ҳамчунин тимҳои миллии Арабистони Саудӣ ва Покистон рақобат хоҳанд кард.

Бозии навбатии дастаи мунтахаби Тоҷикистон бо тими миллии Покистон 21-уми ноябр дар шаҳри Исломобод баргузор мешавад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 8 майи соли 2026

Аз таъсиси Конфедератсияи футболи Осиё то Рӯзи ҷаҳонии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар.

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.