Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо Михаил Мишустин. Кадом масъалаҳо барраси гардид?

Тавре қаблан хабар дода будем, дирӯз, 21-уми ноябр, Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Тоҷикистон бо сафари расмии дурӯза ба Русия сафар кард ва бо Владимир Путин, Президенти Русия мулоқот кард. Пас аз ин мулоқот Владимир Путин ҳамтои тоҷикашро бо ордени “Барои хидмати Ватан”, дараҷаи III, сарфароз гардонд ва баъдан, миёни ду давлат бастаи нави санадҳои ҳамкорӣ имзо […]

Asia-Plus

Тавре қаблан хабар дода будем, дирӯз, 21-уми ноябр, Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Тоҷикистон бо сафари расмии дурӯза ба Русия сафар кард ва бо Владимир Путин, Президенти Русия мулоқот кард. Пас аз ин мулоқот Владимир Путин ҳамтои тоҷикашро бо ордени “Барои хидмати Ватан”, дараҷаи III, сарфароз гардонд ва баъдан, миёни ду давлат бастаи нави санадҳои ҳамкорӣ имзо шуданд.

Дар доираи ин сафар, Эмомалӣ Раҳмон бо Михаил Мишустин, раиси ҳукумати Русия низ мулоқот кард.

Ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари Тоҷикистон дар рафти вохӯрӣ вазъи кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои ду кишвар дар соҳаҳои ояндадори тиҷоратию иқтисодӣ, саноат, энергетика ва кишоварзӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

“Русия дар сохтори гардиши савдои хориҷии кишвари мо мавқеи пешсафро ишғол мекунад. Дар соли 2022 ҳаҷми гардиши мутақобилаи мол 1,7 миллиард долларро ташкил дод, ки нисбат ба соли пешин 24 фоиз афзудааст”, – менависад манбаъ.

Дар самти ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ ва сармоягузорӣ захираву имкониятҳои истифоданашуда бисёр аст, аз ин рӯ, зарур шумурда шуд, ки барои пурра баҳрабардорӣ кардан аз он тадбирҳои мушаххас андешида шавад.

“Ҷалби сармояи Русия барои таъсиси паркҳои саноатӣ, нассоҷӣ, хӯрокворӣ ва коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, зарур шумурда шуд”, – омадааст дар хабар.

Дар рафти сӯҳбат ҳамчунин оид ба масъалаҳои муҳоҷирати меҳнатӣ,  соҳаҳои маориф, фарҳанг, тандурустӣ, сайёҳӣ табодули афкор шудааст. 

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.