Дар Чин боз як вируси хатарнок ошкор шудааст

Дар давлати Чин боз як навъи вируси хатарнок ошкор шудааст. Айни ҳол бар асари он ҳар рӯз беш аз 7 ҳазор нафар бистарии беморхона мешавад ва он ба зуд сироят меёбад. Бо назардошти ин, хатари паҳншавии ин вирус дар саросари ҷаҳон низ баланд арзёбӣ мешавад. Дар ин бора телеграм-канали Mash хабар медиҳад. Ба навиштаи ин […]

Asia-Plus

Дар давлати Чин боз як навъи вируси хатарнок ошкор шудааст. Айни ҳол бар асари он ҳар рӯз беш аз 7 ҳазор нафар бистарии беморхона мешавад ва он ба зуд сироят меёбад.

Бо назардошти ин, хатари паҳншавии ин вирус дар саросари ҷаҳон низ баланд арзёбӣ мешавад.

Дар ин бора телеграм-канали Mash хабар медиҳад.

Ба навиштаи ин манбаъ, ки ба маҷаллаи ProMED истинод кардааст, нишонаҳои ин вирус табларзаи баланд, ташаккули гиреҳҳо дар шушҳо, аммо бидуни сулфа мебошад.

“Дар аввал, аломатҳои вируси нав танҳо дар кӯдакон пайдо шуданд, аммо дар тӯли панҷ рӯзи охир онҳо дар калонсолон низ ошкор гардиданд”, – менависад манбаъ.

Ба ин далел, ба ҳама муассисаҳои тиббии Чин дастур дода шудааст, ки вақти кори худро зиёд кунанд. Гуфта мешавад, ки беморхонаҳо дар Пекин ва Ляонин аллакай пур шудаанд ва мактабҳои маҳаллӣ дарсҳоро ба муддати номуайян лағв кардаанд.

Ба гуфтаи Франсуа Баллу, профессори Пажӯҳишгоҳи генетикаи Донишгоҳи Калифорния, ин беморӣ метавонад дар пайи зуком ё бемориҳои роҳи нафас пайдо шудла бошад. микроорганизмҳои гуногуни роҳи нафас, масалан зуком пайдо сабаб шавад. Ё бактерияи Mycoplasma pneumoniae, ки дар шуш ҷамъ шуда, илтиҳоб ё трахеобронхит ва пневмонияро ба вуҷуд меорад.

Хукуматдорони Чин кӯшиш доранд, ки вазъиятро зери назорат дошта бошанд, то ки миёни мардум воҳима ба миён наояд. Си Ҷинпин амр додааст, ки пайдоиши вирусро ҳарчи зудтар таҳқиқ кунанд, то миқёси эпидемия коҳиш ёбад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.