Соҳибкори ӯзбекро барои манъи вуруди занон ба қаҳвахона ҷарима кардаанд

Додгоҳе дар шаҳри Тошканди Ӯзбекистон рӯзи 29-уми ноябр соҳиби як қаҳвахонаро бо кормандонаш барои “тарғиби табйизи ҷинсӣ" ҷарима баст. Ба навиштаи centralasian.org рӯзноманигор Инобат Ахатова рӯзи 18 ноябр дар шабакаҳои иҷтимоӣ навишт, ки вай бо дугонаҳояш натавонистааст, шом вориди қаҳвахонаи Sahil Street Food (Sahil Truck) шавад. Рӯзноманигор нақл кард, кормандони қаҳвахона ба вай гуфтааст, баъди […]

Додгоҳе дар шаҳри Тошканди Ӯзбекистон рӯзи 29-уми ноябр соҳиби як қаҳвахонаро бо кормандонаш барои “тарғиби табйизи ҷинсӣ" ҷарима баст.

Ба навиштаи centralasian.org рӯзноманигор Инобат Ахатова рӯзи 18 ноябр дар шабакаҳои иҷтимоӣ навишт, ки вай бо дугонаҳояш натавонистааст, шом вориди қаҳвахонаи Sahil Street Food (Sahil Truck) шавад. Рӯзноманигор нақл кард, кормандони қаҳвахона ба вай гуфтааст, баъди соати 22:30 дақиқа ба занҳо ворид шудан ба қаҳвахонаи мазкур манъ аст.

Ахатова дар ин маврид ба мақомоти Узбекистон шикоят кардааст. Дар натиҷаи шикояти вай додгоҳ рӯзи 29 ноябр соҳиби қаҳвахонаи Sahil Street Food-ро ҷарима бастааст.

Бояд зикр кард, ки қаблан расонаҳои Ӯзбекистон хабар дода буданд, ки кормандони мақомот аз соҳибони тарабхонаҳову ошхонаҳои Тошканд хостаанд, фурӯш ва истеъмоли шаробро иҷоҳза диҳанд. Ҳатто барои иҷрои ин амри ғайрирасмӣ, дари чанд ошхонаву тарабхонаро бастаанд. 

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.