Раиси КДАМ-и Қирғизистон: Ҳамаи фоҳишахонаҳоро ошкор кунед ва бандед

Қамчибек Тошиев, раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон рӯзи 30 ноябр гуфт, тасмим дорад то рӯзи 1 декабр ҳамаи фоҳишахонаҳоро ошкор ва бандад. Ин масъулиятро вай бар дӯши ҳукуматҳои маҳаллӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Қирғизистон гузошт. Тошиев гуфт, дар сурати иҷро накардани ин супориш мансабдорон сабукдӯш хоҳанд шуд. Тошиев ҳамчунин афзуд, ҳамаи маълумоти хусусии духтароне […]

centralasian.org

Қамчибек Тошиев, раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон рӯзи 30 ноябр гуфт, тасмим дорад то рӯзи 1 декабр ҳамаи фоҳишахонаҳоро ошкор ва бандад.

Ин масъулиятро вай бар дӯши ҳукуматҳои маҳаллӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Қирғизистон гузошт. Тошиев гуфт, дар сурати иҷро накардани ин супориш мансабдорон сабукдӯш хоҳанд шуд.

Тошиев ҳамчунин афзуд, ҳамаи маълумоти хусусии духтароне оммавӣ гардонида мешавад, ки хадамоти шаҳвонӣ мерасонанд. Аз ҷумла чеҳра ва маълумоти шиносномавии онҳо.

Дар Қирғизистон дар гузашта низ талош доштанд, ки фоҳишахонаҳоро банданд. Аммо ин бовар ҳам ҷо дорад, ки чунин маконҳоро дар бештари вақт худи намояндагони мақомоти қудратӣ "саробонӣ" мекунанд. Қонунгузории Қирғизистон фоҳишагариро манъ накардааст.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.