Эмомалӣ Раҳмон: “Бонки ҷаҳонӣ яке аз шарикони асосии Тоҷикистон дар соҳаи рушд аст”

Date:

Рӯзи 3 декабр зимни мулоқоти президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Гурӯҳи Бонки умумиҷаҳонӣ Аҷай Банга президенти ҷумҳурӣ Бонки ҷаҳониро яке аз шарикони асосии Тоҷикистон номид.

Ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат вохӯрӣ дар ҳошияи Конфронси 28-уми тарафҳои Конвенсияи қолабии СММ оид ба масъалаҳои тағйирёбии иқлим дар шаҳри Дубай доир гардид.

Гуфта мешавад, дар мулоқот масъалаҳои ҳамкории Тоҷикистон бо ин ташкилоти бонуфузи молиявӣ муҳокима карда шуда, Эммалӣ Раҳмон саҳми Бонкро дар маблағгузорӣ ба тадбирҳои мутобиқшавӣ ба пайомадҳои тағйирёбии иқлим ва пешгирӣ аз онҳо муҳим арзёбӣ намуд.

Ҷонибҳо зимни мулоқот вазъи феълии ҳамкориро дар соҳаҳои обу энергетика, кишоварзӣ, муҳити зист ва рушди деҳот, сиёсати иқтисодӣ, рушди бахшҳои тандурустӣ, маориф, , шаҳрсозӣ ва коҳиши сатҳи камбизоатӣ мавриди баррасӣ қарор доданд.

Зимни суҳбат Пешвои миллат ба зарурати идомаи татбиқи лоиҳаи хатти баландшиддати интиқоли барқ “CASA-1000”, ки бозори энергетикии Осиёи Марказӣ ва Ҷанубиро тавассути Афғонистон бо ҳам мепайвандад, таъкид кард.

Айни ҳол Бонк дар Тоҷикистон 28 лоиҳаро бо маблағи умумии 1,5 миллиард доллари амрикоӣ маблағгузорӣ мекунад.

Амалӣ намудани ислоҳоти фарогир ва сохтории иқтисодиёти кишвар, алалхусус дар соҳаҳои алоқаи барқӣ, рақамикунонӣ, авиатсияи гражданӣ ва беҳтаргардонии фазои сармоягузорӣ аз самтҳои муҳими ҳамкорӣ бо Бонк маънидод гардид.

Дар рафти мулоқот ҷонибҳо ҳамчунин оид ба дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳ табодули андеша карданд.

Дар фарҷоми суҳбат Пешвои миллат аз Президенти Гурӯҳи Бонки умумиҷаҳонӣ Аҷай Банга ҷиҳати анҷом додани боздид аз Тоҷикистон даъват ба амал оварданд. Ин даъват бо хушнудӣ пазируфта шуд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Тақдими мукофотпулии президент ба ғолибону ҷоизадорони мусобиқаҳои байнулмилалии варзишӣ

Мувофиқи амри президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Вазорати молияи...

Тағйироти кадрӣ дар Вазорати дифоъ, Нерӯҳои марзбонӣ, Идораи зиндонҳо ва Оҷонсии зиддифасод

Имрӯз, 16-уми январ дар сохторҳои Вазорати дифоъ, Гвардияи миллӣ,...

Ним миллион ё як миллион? Дар Русия чӣ қадар муҳоҷири тоҷик кор мекунад?

То ҳол дақиқан маълум нест, ки чӣ қадар муҳоҷирони...