Оила – макони меҳрубонӣ (чандрасонаӣ)

Рафтору гуфтор ва муносибати неки падару модар бо кӯдак асоси волидии мусбатро ташкил медиҳад. Зимнан ба сифатҳои беҳтарини фарзанд дар ҳаёти ҳамарӯзаи ӯ таваҷҷуҳ мешавад. Падару модар ба фарзанди худ бо муҳаббат ва дилсӯзӣ муносибат намуда, ӯро ҷазо намедиҳанд ва намезананд. Матлаби чандрасонаии “Оила – макони меҳрубонӣ” аз видеоподкасту радиомусоҳибаи коршиносони варзида, филми тасвирӣ, наворҳои […]

Рафтору гуфтор ва муносибати неки падару модар бо кӯдак асоси волидии мусбатро ташкил медиҳад. Зимнан ба сифатҳои беҳтарини фарзанд дар ҳаёти ҳамарӯзаи ӯ таваҷҷуҳ мешавад. Падару модар ба фарзанди худ бо муҳаббат ва дилсӯзӣ муносибат намуда, ӯро ҷазо намедиҳанд ва намезананд.

Матлаби чандрасонаии “Оила – макони меҳрубонӣ” аз видеоподкасту радиомусоҳибаи коршиносони варзида, филми тасвирӣ, наворҳои иҷтимоӣ бо назарпурсии шахсиятҳои шинохта, радиоспектакл, ҳамчунин расму суратҳои мавзӯӣ ва матни таҳлилӣ иборат аст.

Он дар нишонии интернетии зерин дастрас мебошад, ки бо кушоданаш муҳтавои ҷолибу омӯзандаро дидаву шунида ва хонда метавонед.

👉 https://mehruboni.tilda.ws

 

ОИЛА – МАКОНИ МЕҲРУБОНӢ

 

Зарурати тарбияи кӯдакон бидуни хушунат баъд аз қабули як қатор қонунҳо, аз ҷумла, “Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила”, ҳамчунин ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хусуси манъи зӯроварӣ ё таҳдиди истифодаи он зимни иҷрои уҳдадориҳо оид ба парасторӣ, таълим ва тарбияи ноболиғон аҳамияти бештар пайдо кардааст.

Ин матлаби чандрасонаӣ бо ҳамоҳангсозии Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи Ташаббуси муштараки Иттиҳоди Аврупо ва Созмони Милали Муттаҳид «Нури рӯшноӣ» таҳия гардид. 

Суратҳо аз ЮНИСЕФ-Тоҷикистон ва шахсиятҳои шинохтае, ки дар ин матлаби чандрасонаӣ зикрашон ҳаст, дастрас ва истифода шуданд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.