Ҳар як 26 дақиқа 1 нафар Тоҷикистонро тарк мекунад

Ба ҳолати то 5 декабри соли 2023 байни кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ аз рӯи сатҳи муҳоҷиратро ихтиёр намудани шаҳрвандон Ӯзбекистон ва Тоҷикистон пешсаф мебошанд, омадааст дар гузориши созмони байнулмилалии мустақили тиҷоратии WorldPopulationReview, ки дар ИМА воқеъ аст. Коршиносони лоиҳа ҳамчунин маълумот дар бораи демографияи кишварҳои ҷаҳонро нашр кардаанд, иттилоъ медиҳад хабаргузории “Фергана”. Мувофиқи маълумоти лоиҳа, […]

Asia-Plus

Ба ҳолати то 5 декабри соли 2023 байни кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ аз рӯи сатҳи муҳоҷиратро ихтиёр намудани шаҳрвандон Ӯзбекистон ва Тоҷикистон пешсаф мебошанд, омадааст дар гузориши созмони байнулмилалии мустақили тиҷоратии WorldPopulationReview, ки дар ИМА воқеъ аст.

Коршиносони лоиҳа ҳамчунин маълумот дар бораи демографияи кишварҳои ҷаҳонро нашр кардаанд, иттилоъ медиҳад хабаргузории “Фергана”.

Мувофиқи маълумоти лоиҳа, ҳамарӯза 55 сокини Ӯзбекистон ё худ ҳар 26 дақиқа 1 нафар ин кишварро тарк мекунанд. Ҳамчунин дар 1 шабонарӯз таваллуди 2067 тифли навзод ва 580 ҳолати маргу мир ба қайд гирифта шудааст.

Тибқи маълумоти WorldPopulationReview.com, айни замон теъдоди аҳолии кишвар 35 млн 384 ҳазору 614 нафарро ташкил медиҳад. Мутахассисон ҳисоб кардаанд, ки соли 2025 теъдоди аҳолии Ӯзбекистон аз 36 млн нафар зиёд шуда, соли 2035 ба зиёда аз 40 млн нафар мерасад.

Ҷолиб аст, ки аз лиҳози теъдоди муҳоҷират нишондиҳандаҳои Тоҷикистон низ бо Ӯзбекистон якхелаанд. Дар Тоҷикистон низ дар давоми 1 шабонарӯз 55 сокини кишвар ё худ ҳар 26 дақиқа 1 нафар ҷумҳуриро тарк мекунанд. Дигар рақамҳо фарқ мекунанд.

Ба ин тариқ, таваллуд да сатҳи 703 нафар ва марг – 130 кас дар 1 рӯз қарор дорад. Теъдоди аҳолии кишвар 10 млн 223 ҳазору 236 нафарро ташкил медиҳад. Тибқи пешгӯии коршиносон, соли 2035 теъдоди аҳолӣ ба ҳудуди 12,4 млн нафар расида, баъди 5 сол боз 1 млн нафар зиёд мешавад.

Дар Қирғизистон мардум на он қадр фаъолона кишварро тарк мекунанд – 27 нафар дар 1 шабонарӯз ё худ ҳар 53 дақиқа 1 нафар. Сатҳи таваллуд ба 417 нафар дар 1 шабонарӯз ва маргу мир – ба 104 кас баробар аст.

Имрӯз аҳолии Қирғизистон 6 млн 779 ҳазору 345 нафарро ташкил медиҳад. Бино ба арзёбии коршиносон, соли 2025 ин рақам ба 7 млн нафар ва соли 2035 – ба 8 млн нафар наздик мешавад.

Муҳоҷиратро ихтиёр намудани шаҳрвандони Туркманистон низ ба мушоҳида мерасад – 11 нафар дар 1 шабонарӯз ва ҳар 130 дақиқа 1 кас. Сатҳи таваллуд дар ин кишвар 358 тифли навзод ва 118 ҳолати маргу мир дар 1 рӯз. Теъдоди аҳолии ин кишвар айни замон 6 млн 551 ҳазору 314 нафарро ташкил медиҳад.

 Нисбат ба дигар давлатҳои минтақа дар ин кишвар начандон афзоиши зиёди аҳолӣ пешгӯӣ шудааст. Соли 2030 теъдоди аҳолии Туркманистон то 7 млн ва соли 2045 – то 8 млн нафар мерасад.

Қазоқистон ягона кишвари пасошӯравӣ дар Осиёи Марказӣ аст, ки дар бораи муҳоҷиратро ихтиёр намудани шаҳрвандони он маълумот оварда нашудааст. Сатҳи таваллуд 1082 нафар ва мизони маргу мир – 501 нафар дар як рӯз зикр шудааст. Аҳолии кишвар 19 млн 696 ҳазору 134 нафарро ташкил медиҳад. Тибқи пешгӯии коршиносон, соли 2025 теъдоди аҳолӣ ба беш аз 20 млн нафар расида, баъди ҳар як “панҷсола” тақрибани 1 млн нафар зиёд мешавад.

WorldPopulationReview.com созмони мустақили тиҷоратие мебошад, ки маълумоти муҳими ҷаҳонии демографиро пешниҳод мекунад. Кормандони лоиҳа дар саросари дунё аз сарчашмаҳои гуногун маълумот ҷамъоварӣ намуда, онро таҳлил мекунанд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 1 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Меҳрубон Назарову Гурминҷ Завқибеков ва Марям Исоева то даргузашти Бозор Собир ва Рӯзи меҳнаткашон

Муҳимтарин нукоти сафари Ҳаҷ – 2026. Арабистони Саудӣ чӣ маҳдудиятҳо гузошт ва зоирони тоҷик чиҳоро бояд донанд?

Барои ғайриқонунӣ ба Ҳаҷ рафтан то 26 500 доллар ҷарима ва ё ҳатто 6 моҳ ҳабс пешбинӣ шудааст.

Нигаронии Давлаталӣ Саид аз тақсими замин дар Хатлон

Раиси вилоят гуфтааст, ки ин вазъ ба некӯаҳволии сокинон “таъсири манфӣ мерасонад”.

Собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ аз Тоҷикистон дар куҷо зиндагӣ мекунанд?

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳамагӣ 9 нафар собиқадорони ҶБВ боқӣ мондаанд.

Дар Тоҷикистон иди Қурбон кай таҷлил мешавад?

Муфтии кишвар рӯзи эҳтимолии онро гуфт.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 78

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.