Эмомалӣ Раҳмон ба аҳли оилаи Амиршо Миралиев ҳамдардӣ баён кард

Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Тоҷикистон, дар робита ба марги Амиршо Миралиев, собиқ роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Тоҷикистон ва раиси вилояти Хатлон, ба аҳли оила ва пайвандони ӯ ҳамдардӣ изҳор кард. Раиси ҷумҳур аз Амиршо Миралиев ба ҳайси “яке аз ходимони намоёни давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ёд карда, таъкид кардааст, ки “ӯ дар тамоми давраи фаъолияти тӯлонии сиёсиву […]

Asia-Plus

Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Тоҷикистон, дар робита ба марги Амиршо Миралиев, собиқ роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Тоҷикистон ва раиси вилояти Хатлон, ба аҳли оила ва пайвандони ӯ ҳамдардӣ изҳор кард.

Раиси ҷумҳур аз Амиршо Миралиев ба ҳайси “яке аз ходимони намоёни давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ёд карда, таъкид кардааст, ки “ӯ дар тамоми давраи фаъолияти тӯлонии сиёсиву давлатии худ ба мардум ва давлати Тоҷикистон содиқона хизмат кард”.

Бояд гуфт, Амиршо Миралиев дирӯз, 6-уми декабр, дар яке аз беморхонаҳои давлати Туркия вафот кард.

Далери Абдулло, рӯзноманигори тоҷик, бо такя ба гуфтаҳои пайвандонаш дар ин бора иттилоъ дода, таъкид кард, ки Амиршо Миралиев аз бемории сутунмӯҳра ранҷ мебурд.

“Як ҳафта пеш барои табобат ба Туркия рафта ва дар яке аз бемористонҳои Истамбул ҷарроҳӣ шуда буд. Пас аз ҷарроҳӣ нисфирӯзии имрӯз аз олам гузаштанд”, – гуфт Далер Абдулло.

Далер Абдулло афзуд, ки дар назар аст Амиршо Миралиев имрӯз, 7-уми декабр, дар ноҳияи Данғара ҷаноза карда, ба хок супорида мешавад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио