26 шаҳрванди Тоҷикистонро дар роҳи Қазоқистон аз сардӣ наҷот доданд

Date:

Кормандони Раёсати ҳолатҳои фавқулодаи вилояти Оқмолаи Қазоқистон 26 шаҳрванди Тоҷикистон ва 2 шаҳрванди Ӯзбекистон, аз ҷумла ду кӯдакро, ки дар роҳ банд монда буданд, аз сардӣ наҷот додаанд. Дар ин бора Раёсати ҳолатҳои фавқулодаи вилояти Оқмола хабар додааст.

Манбаъ гуфтааст, автобуси  ҳомили муҳоҷирони корӣ, ки аз Русия тариқи Қазоқистон дар роҳи бозгашт ба ватан буд, дар роҳи “Остана-Петропавловск” вайрон шудааст. Ҳодиса соати 1-и шаби 9-уми декабр рух додааст ва муҳоҷиронро дар шаҳри Кокшета ба ҷои гарм интиқол дода, хӯроку либоси гарм додаанд.

Дар як наворе, ки дафтари матбуоти Раёсати ҳолатҳои изтирории вилояти Акмола нашр кардааст, шаҳрванди Тоҷикистон Нурия Абдураҳмонова гуфтааст, ки онҳо аз Ханти-Мансийск меомаданд, вале автобуси онҳо ба далели вайрон шудан дар роҳ банд монд.

Вай гуфт, ки онҳо се соат мунтазири кумак буданд, то кормандони хадамоти изтирорӣ ба онҳо расида, онҳоро ба ҷои гарм бурданд.

“Ҳоло аҳволамон хуб аст, ба мо об, ғизо ва гармӣ доданд. Сипос ба онҳо (кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Қазоқистон дар назар аст, муаллиф)”- мегӯяд Абдураҳмонова.

Имрӯзҳо дар Қазоқистон ҳаво сард аст. Дар шимоли кишвар, аз ҷумла дар Кокшетау, ҳаво рӯзона то -29 дараҷа ва шабона то -36 дараҷа сард мешавад.

КҲФ-и Қазоқистон ба аҳолӣ ва меҳмонон тавсия додааст, ки дар сурати пеш омадани мушкил фавран ба рақами кутоҳи 112 занг зананд.

Ҳодисаи аз сардӣ наҷот додани муҳоҷирони тоҷик дар ҳудуди Қазоқистон нав нест. Қаблан, низ мақомоти ин кишвар чанд нафарро, ки аз Русия тариқи ин кишвар ба Тоҷикистон бермегаштанду автобусашон дар роҳ вайрон шуд, наҷот дода буданд.

Бояд гуфт, ки бо далели гарон будани чиптаҳои ҳавопаймои Русия ва Тоҷикистон аксари муҳоҷирон тавассути автобус ба ватан бармегарданд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 11:00 дар Театри давлатии лӯхтаки...

Ҷинояткорӣ миёни ноболиғон афзудааст. Рамазон Раҳимзода онро “ташвишовар” хонд

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 12-уми феврал...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 15:00 Диловар Андалибов, овозхони ҷавони...

Додситони кул муноқишаи додситони Бӯстон ва ба таври мармуз аз вазифа озод шудани додситони пешини Хатлонро шарҳ дод

Додситони кулли Тоҷикистон тасдиқ кард, ки барканории Абдуқаҳҳор Азизов...