Қазоқистон дар боркашонӣ тариқи роҳи оҳан ба Тоҷикистон тахфиф пешниҳод мекунад

Корхонаи “Роҳҳои оҳани Қазоқистон” (Казахстан темир жолы) ба ширкатҳои машғули боркашонӣ тариқи роҳи оҳани Тоҷикистон аз 30 то 50% тахфиф пешниҳод мекунад, ки ба афзоиши ҳаҷми боркашонӣ мусоидат мекунад. Тавре ки дафтари матбуоти Вазорати нақлиёти ҷумҳурӣ хабар медиҳад, ин масъала дар вохӯрии вазири  нақлиёти Тоҷикистон Азим Иброҳим бо сафири Қазоқистон дар Тоҷикистон Валихон Тӯрахонов баррасӣ […]

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Корхонаи “Роҳҳои оҳани Қазоқистон” (Казахстан темир жолы) ба ширкатҳои машғули боркашонӣ тариқи роҳи оҳани Тоҷикистон аз 30 то 50% тахфиф пешниҳод мекунад, ки ба афзоиши ҳаҷми боркашонӣ мусоидат мекунад.

Тавре ки дафтари матбуоти Вазорати нақлиёти ҷумҳурӣ хабар медиҳад, ин масъала дар вохӯрии вазири  нақлиёти Тоҷикистон Азим Иброҳим бо сафири Қазоқистон дар Тоҷикистон Валихон Тӯрахонов баррасӣ шудааст.

“Дар мулоқот ҷонибҳо масъалаи густариши ҳамкориҳоро миёни ду кишвар дар соҳаи  ҳамлу нақл баррасӣ намуданд”, – омадааст дар хабар.

Зикр шудааст, ки айни ҳол бо Қазоқистон 5 хатсайри байналмилалии нақлиёти мусофирбарӣ дар масири Хуҷанд – Шимкент, Хучанд – Уш Конир, Бохтар – Саригаш, Хуҷанд – Жибек Жоли ва Хуҷанд – Иргели фаъолият доранд. Дар давоми 11 моҳи соли равон шумораи мусофирбарӣ миёни Тоҷикистону Қазоқистон 5259 нафарро ташкил додааст.

Гуфта мешавад, сафири Қазоқистон низ аз ҳамкориҳои миёни кишварҳо изҳори қаноатмандӣ намуда, зикр кардааст, ки ҷиҳати густариши минбаъдаи ҳамкорӣ байни ду давлат, бахусус дар соҳаи ҳамлу нақл мусоидат хоҳад кард.

Моҳи августи соли ҷорӣ хадамоти матбуоти “Роҳи оҳани Қазоқистон” хабар дода буд, ки роҳиоҳанчиёни Қазоқистону Тоҷикистон корхонаи муштарак боз мекунанд. Ҳамзамон хабар дода шуд, ки ҳаҷми ҳамлу нақли роҳи оҳан байни кишварҳо тағйир меёбад.

«Бо назардошти афзоиши солона, роҳиоҳанчиёни ду кишвар ният доранд, ки бо таъсиси маркази нақлиёту тақсимот дар истгоҳи “Хатлон” (Тоҷикистон) як корхонаи муштарак ифтитоҳ кунанд, ки дар он борҳо аз минтақаҳои ҷанубии Тоҷикистон ва содирот аз Қазоқистон муттаҳид карда мешаванд», – зикр гардида буд дар хабар.

Соли гузашта ҳаҷми боркашонӣ тариқи роҳи оҳан байни кишварҳо зиёда аз 4 млн тонна ва нимсолаи аввали соли ҷорӣ – 2,7 млн тоннаро ташкил дод.

Бино ба маълумоти оморӣ, ҳаҷми умумии савди дуҷонибаи Тоҷикистони Қазоқистон дар зарфи 10 моҳи соли равон 937 млн долларро ташкил дод, ки 19,1% камтар нисбат ба ҳамин давраи соли 2022 аст.

Аз ҷумла, содироти маҳсулот аз Тоҷикистон ба Қазоқистон каме бештар аз 225 млн доллар ва воридоти молу маҳсулот аз Қазоқистон ба Тоҷикистон – ҳудуди 718 млн долларро тташкил дод.

Дар муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон Қазоқистон пас аз Русия (ҳудуди 1,4 млрд доллар) ва Чин (қариб 1,2 млрд доллар) зинаи сеюмро ишғол мекунад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.