Бег Сабур барои огоҳӣ аз вазъи алоқаву интернет ва беҳбуд бахшидани сифати он ба Хатлон рафтааст

Бег Сабур, сардори Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои шиносоӣ бо вазъи алоқаву интернет ва беҳбуд бахшидани сифати он ба вилояти Хатлон сафар карда, бо намояндагони ширкатҳои мобилӣ мулоқот намудааст. Ба иттилои сомонаи расмии Хадамоти алоқа, ин сафар дирӯз, 10-уми декабр, ҷараён гирифта, ҳадафи аслии он шиносоӣ бо рафти корҳои амалӣ ҷиҳати беҳбуд бахшидани […]

Asia-Plus

Бег Сабур, сардори Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои шиносоӣ бо вазъи алоқаву интернет ва беҳбуд бахшидани сифати он ба вилояти Хатлон сафар карда, бо намояндагони ширкатҳои мобилӣ мулоқот намудааст.

Ба иттилои сомонаи расмии Хадамоти алоқа, ин сафар дирӯз, 10-уми декабр, ҷараён гирифта, ҳадафи аслии он шиносоӣ бо рафти корҳои амалӣ ҷиҳати беҳбуд бахшидани сифати алоқа ва хизматрасониҳои интернет, татбиқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  “Дар бораи тадбирҳои вусъат додани ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ” ва машварату вазифагузорӣ барои бартараф намудани  мушкилоти соҳа будааст.

Зимни ин сафар Бег Сабур ҳамчунин бо намояндагони ширкатҳои мобилии кишвар низ мулоқот кардааст.

Аз ҷумла, дар мулоқот бо Маҷид Сайтасанов, директори минтақавии ширкати “Мегафон Тоҷикистон” дар вилояти Хатлон таҷдиди пойгоҳҳои алоқаи мобилӣ баррасӣ гардидааст.

““Мегафон Тоҷикистон” ба модернизатсияи ширкат дар вилояти Хатлон шурӯъ карда, дар назар аст тамоми базаҳои ақолаи мобилӣ дар ин вилоятро навсозӣ намояд”, – омадааст дар хабари Хадамоти алоқа.

Манбаъ меафзояд, то ба ҳол чандин пойгоҳи ин ширкат дар ҷануби кишвар навсозӣ гардидааст.

Бояд гуфт, ки мавҷи алоқаи мобилӣ ва интернет натанҳо дар вилояти Хатлон, балки дар тамоми кишвар борҳо аз ҷониби муштариён интиқод шудааст.

Сокинони аксари манотиқи кишвар пайваста аз суръати пасту нархи гарони алоқа ва интернети ширкатҳои мобилӣ шикоят мекунанд.

Дар ҳамин ҳол, қариб як моҳи пеш Хадамоти алоқа ба ширкатҳои Tcell ва Мегафон Тоҷикистон (ҶСП “ТТ Мобайл” ва ҶСП “Индиго Тоҷикистон”) расман иҷоза дод, ки онҳо ба кишвар хатти интернет ворид кунанд.

Тайи ду моҳи охир Бег Сабур бо намояндагони ширкатҳои мобилӣ ва провайдерҳои интернетӣ барои беҳтар кардани нарх ва сифати интернет дар кишвар ҳаддиақал панҷ вохӯрӣ анҷом дод.

Қабалан, ӯ супориш дода буд, ки минтақаҳои беинтернети кишварро маълум карда, барои таъмини он бо интернети баландсуръат чораҷӯӣ намоянд.

Пас аз як ҳафтаи ин мулоқот Бег Сабур аз ниҳодҳои қудратии кишвар хост, иҷрои дастурҳои раисҷумҳурро назорат кунанд.

Ёдовар мешавем, ки Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон дар паёми солонаи охирини худ аз нарху сифати интернет дар кишвар танқид карда, аз масъулин талаб карда буд, ки онро беҳтар кунанд. Роҳбарияти Хадамоти алоқа ҳама дидору мулоқотҳои худро ба ин дастури сарвари давлат рабт медиҳанд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.