26 шаҳрванди Тоҷикистонро дар роҳи Қазоқистон аз сардӣ наҷот доданд

Кормандони Раёсати ҳолатҳои фавқулодаи вилояти Оқмолаи Қазоқистон 26 шаҳрванди Тоҷикистон ва 2 шаҳрванди Ӯзбекистон, аз ҷумла ду кӯдакро, ки дар роҳ банд монда буданд, аз сардӣ наҷот додаанд. Дар ин бора Раёсати ҳолатҳои фавқулодаи вилояти Оқмола хабар додааст. Манбаъ гуфтааст, автобуси  ҳомили муҳоҷирони корӣ, ки аз Русия тариқи Қазоқистон дар роҳи бозгашт ба ватан буд, […]

Asia-Plus

Кормандони Раёсати ҳолатҳои фавқулодаи вилояти Оқмолаи Қазоқистон 26 шаҳрванди Тоҷикистон ва 2 шаҳрванди Ӯзбекистон, аз ҷумла ду кӯдакро, ки дар роҳ банд монда буданд, аз сардӣ наҷот додаанд. Дар ин бора Раёсати ҳолатҳои фавқулодаи вилояти Оқмола хабар додааст.

Манбаъ гуфтааст, автобуси  ҳомили муҳоҷирони корӣ, ки аз Русия тариқи Қазоқистон дар роҳи бозгашт ба ватан буд, дар роҳи “Остана-Петропавловск” вайрон шудааст. Ҳодиса соати 1-и шаби 9-уми декабр рух додааст ва муҳоҷиронро дар шаҳри Кокшета ба ҷои гарм интиқол дода, хӯроку либоси гарм додаанд.

Дар як наворе, ки дафтари матбуоти Раёсати ҳолатҳои изтирории вилояти Акмола нашр кардааст, шаҳрванди Тоҷикистон Нурия Абдураҳмонова гуфтааст, ки онҳо аз Ханти-Мансийск меомаданд, вале автобуси онҳо ба далели вайрон шудан дар роҳ банд монд.

Вай гуфт, ки онҳо се соат мунтазири кумак буданд, то кормандони хадамоти изтирорӣ ба онҳо расида, онҳоро ба ҷои гарм бурданд.

“Ҳоло аҳволамон хуб аст, ба мо об, ғизо ва гармӣ доданд. Сипос ба онҳо (кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Қазоқистон дар назар аст, муаллиф)”- мегӯяд Абдураҳмонова.

Имрӯзҳо дар Қазоқистон ҳаво сард аст. Дар шимоли кишвар, аз ҷумла дар Кокшетау, ҳаво рӯзона то -29 дараҷа ва шабона то -36 дараҷа сард мешавад.

КҲФ-и Қазоқистон ба аҳолӣ ва меҳмонон тавсия додааст, ки дар сурати пеш омадани мушкил фавран ба рақами кутоҳи 112 занг зананд.

Ҳодисаи аз сардӣ наҷот додани муҳоҷирони тоҷик дар ҳудуди Қазоқистон нав нест. Қаблан, низ мақомоти ин кишвар чанд нафарро, ки аз Русия тариқи ин кишвар ба Тоҷикистон бермегаштанду автобусашон дар роҳ вайрон шуд, наҷот дода буданд.

Бояд гуфт, ки бо далели гарон будани чиптаҳои ҳавопаймои Русия ва Тоҷикистон аксари муҳоҷирон тавассути автобус ба ватан бармегарданд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио