Мусодираи боз қариб 500 ҳазор “хлопушка” дар Душанбе

Милитсияи Душанбе аз як гурӯҳ ҷавонон наздики 500 ҳазор маводҳои пиратехникӣ (хлопушка) дарёфт ва мусодира кардааст. Дар ин бора Раёсати ВКД дар Душанбе хабар медиҳад. Ба гуфтаи манбаъ, гумонбаршаванда Некрӯз Назаров маводҳои тарфгариро аз вилояти Суғд ба шаҳри Душанбе ворид карда, ҳамроҳи дигар ҳаммаслакони худ аз фурӯш ва паҳнсозии он фоида ба даст меовард. “Ҳангоми […]

Asia-Plus

Милитсияи Душанбе аз як гурӯҳ ҷавонон наздики 500 ҳазор маводҳои пиратехникӣ (хлопушка) дарёфт ва мусодира кардааст. Дар ин бора Раёсати ВКД дар Душанбе хабар медиҳад.

Ба гуфтаи манбаъ, гумонбаршаванда Некрӯз Назаров маводҳои тарфгариро аз вилояти Суғд ба шаҳри Душанбе ворид карда, ҳамроҳи дигар ҳаммаслакони худ аз фурӯш ва паҳнсозии он фоида ба даст меовард.

“Ҳангоми кофтуков аз автомашинаи номбурда (Некрӯз Назаров дар назар аст,-муаллиф) тамғаи “Лексус”, 2201 QQ 01, дар 816-қуттӣ дар ҳаҷми 489 ҳозору 600 дона маводҳои тарфгарии -тарконакҳои навъи “Трения с новым годом” мусодира карда шуданд”, – менависад РВК дар шаҳри Душанбе.

Ин ниҳод, ба ғайр аз Некрӯз Назаров, аз гуморбарони фурӯш ва паҳни “хлопушкаҳо” Зоҳир Муҳиддинов,  Баҳрулло Меликов, Бахтиёр Мирзоев, Абдулло Баротов, Ардашер Муродов ном бурдаст, ки ҳамаи онҳо ҷавонони то синни 30-сола мебошанд.

Милитсияи пойтахт гуфтааст, ки ҳамчунин шаҳрванд Аминҷон Самадови 24-соларо дастгир кардааст, ки ӯ дар анбори махсус оташфаввора ё “хлопушка-ҳои Некрӯз Назаровро пинҳон кардааст. Он низ дарёфту мусодира карда шуданд.

Нисбати 6 нафар гумонбаршаванда  маводҳои зарурӣ тартиб дода шуда, тибқи талаботи моддаи 199, иловаи 1-и Кодекси ҷиноятии ҶТ барои муомилоти ғайриқонунии маводҳои тарфгарӣ мавриди тафтишоти пешакӣ қарор дорад.

Ин моддаи Кодекси ҷиноятӣ ба андозаи аз 100 то 500 нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима ё аз 1 то 2 солир зиндон ҷазо пешбинӣ кардааст.

Гуфтан ба маврид аст, ки ҳамасола пеш аз фарорасии соли нави мелодӣ мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба мусодираи маснуоти тарфгарӣ оғоз мекунанд. Маъмулан, он аввали моҳи декабр шурӯъ шуда, нуқтаи авҷаш ба рӯзҳои таҷлили ҷашни соли нав рост меояд.

Ёдовар мешавем, ки сар аз соли 2008 бо тағйирот дар қонунгузории Тоҷикистон воридот, паҳн ва истифодаи маводҳои тарфгарӣ дар ҳудуди кишвар манъ шуд. Сабаби ин зиёд шудани хатари ин маводҳо гуфта мешуд.

Барои фурӯшу паҳни маводҳои приотехникӣ чӣ ҷазо пешбинӣ шудааст ва чаро он дар кишвар манъ шудааст дар маводи “Оғози мавсими мусодираи “хлопушка”. Мақомот аз ду ноболиғ 7,5 ҳазор маводи тарфгарӣ гирифтанд” хонед.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио