Жапаров: “Ҳамаи корҳои таъйини марзи Тоҷикистону Қирғизистон то баҳори соли 2024 ба итмом мерасанд”

Президенти Қирғизистон Садир Жапаров рӯзи 11 декабр зимни вохӯрӣ бо сокинони вилояти Ботканд изҳор дошт, ки ҳалли масоили марбут ба сарҳади давлатии Тоҷикистону Қирғизистон дар арафаи аҷомёбӣ аст. Дар ин бора АКИpress хабар медиҳад. Сарвари давлати Қирғизистон аз эҳтимол дур надонистааст, ин масъала баҳори соли 2024 ба охир хоҳад расид. “Дар сулҳу амонӣ ва ризоияти […]

Asia-Plus

Президенти Қирғизистон Садир Жапаров рӯзи 11 декабр зимни вохӯрӣ бо сокинони вилояти Ботканд изҳор дошт, ки ҳалли масоили марбут ба сарҳади давлатии Тоҷикистону Қирғизистон дар арафаи аҷомёбӣ аст. Дар ин бора АКИpress хабар медиҳад.

Сарвари давлати Қирғизистон аз эҳтимол дур надонистааст, ин масъала баҳори соли 2024 ба охир хоҳад расид.

“Дар сулҳу амонӣ ва ризоияти ҳамдигар зиндагӣ кунед. Гуфтушунидҳо оид ба сарҳад дар арафаи анҷомёбӣ аст. Фикр доштем, ки то Соли нави мелодӣ ба итмом мерасанд, лекин каме дер шуд. Шояд баҳори соли оянда ба охир расанд”, – иброз доштааст ӯ.

Қаблан аввали моҳи декабр дар шаҳри Бӯстони вилояти Суғд вохӯрии ҳамраисони ҳайатҳои ҳукуматҳои Тоҷикистону Қирғизистон оид ба аломатгузорӣ ва таъйини сарҳади давлатии ду кишвар Саймумин Ятимов ва Қамчибек Ташиев баргузор шуд.

Роҳбарони ҳайатҳо кори ҳайатҳои ду кишварро мусбат арзёбӣ намуда, дар ин мулоқот якчанд қарорҳои усулӣ қабул шуданд. Маълумоти муфассал дар ин бора дар маводи зерин қобили дарёфт аст.

Бояд гуфт, қаблан, рӯзи 3-юми ноябр дар ҳамоише раиси Девони вазирони Қирғизистон Оқилбек Жапаров гуфта буд, ки ҳарду кишвар тасмим доранд, то соли нав масъалаҳои марзиро ҳал кунанд.

Охири моҳи ноябр бошад, ӯ хабар дода буд, ки Тоҷикистону Қирғизистон дар масъалаи таъйини хати гузариши сарҳад байни кишварҳо ба сатҳи дипломатии ҳалли масъала даст ёфтаанд.

Дар соли 2023, бахусус дар моҳҳои ахир, комиссияи дуҷониба оид ба делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатии Тоҷикистону Қирғизистон фаъолияти худро пурзур кардаанд. Танҳо дар моҳҳои октябр-ноябр ҷонибҳо аз мувофиқаи тақрибан 75 километр марзи давлатӣ хабар доданд.

Дар мулоқоти гурӯҳҳои кории топографии ду кишвар рӯзҳои 3-7 октябр дар Бодканд ҷонибҳо  дар бораи 43,32 километр  марзи давлатии Тоҷикистону Қирғизистон ба мувофиқа расиданд. Дар ҷаласа рӯзҳои 12-18 октябр дар шаҳри Бӯстони вилояти Суғд  боз 13,98 км  сарҳади давлатӣ муайян шуд.

Илова бар ин, дар ин давра се ҷаласаи комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистон ва Қирғизистон оид ба делимитатсия ва демаркатсияи марзи давлатӣ таҳти раёсати раисони Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистону Қирғизистон Саймумин Ятимов ва Қамчибек Ташиев баргузор шуд.

Аввалин мулоқоти онҳо рӯзи 2-юми октябр сурат гирифт, ки дар натиҷа  Протоколи №44 ба имзо расид. Тарафҳо изҳор доштанд, ки дар мавриди сарҳад ба созишҳои усулӣ даст ёфтаанд ва ин санад барои ҳалли тамоми масоили марзӣ замина фароҳам меорад.

Мулоқоти дуюм  рӯзи 16-уми октябр баргузор гардид, ки дар он зарурати таҳкими дӯстӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва эътимод миёни навоҳии наздимарзӣ, инчунин идомаи фаъолонаи ҳамкориҳо миёни навоҳии наздимарзии ду кишвар махсусан қайд карда шуд.

Ёдовар мешавем, ки дарозии умумии сарҳади Тоҷикистон ва Қирғизистон тақрибан 980 километрро ташкил медиҳад.  Дар ҳоли ҳозир беш аз се ду ҳиссаи хатти марзӣ мушаххас ва эътирофи мутақобила шуда, қитъаҳои боқимонда баҳсбарангез дониста мешаванд.

Аз декабри соли 2002 музокираҳо оид ба марзи ду кишвар идома доранд. Аммо ҳал нашудани ин масъала борҳо сабаби муноқишаҳои сокинони маҳаллӣ ва низомиёни ду кишвар, аз ҷумла бо истифода аз силоҳи оташфишон шудааст.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

#AP30/Коршинос. Рашид Ғанӣ Абдулло: “Азия-Плюс”муаррифи Тоҷикистон шуд

Сиёсатшинос ва таҳлилгари шинохтаи тоҷик ба табрики “Азия-Плюс” омад ва дар бораи мавқеи он дар арсаи расонаҳои кишвар ва минтақа андешаашро иброз дошт.

Дафтари САҲА дар Душанбе “Азия-Плюс”-ро ба 30-солагиаш табрик кард

Ин созмон саҳми расонаи моро дар рушди журналистика дар кишвар муҳим арёзбӣ кард.

Дар Тоҷикистон минтақаҳои озоди иқтисодӣ рақамӣ мешаванд

Минбаъд соҳибкорон имкон пайдо мекунанд, ки дархостҳои худро ба таври онлайн пешниҳод кунанд..

Заҳролудшавии 4 кас баъди истеъмоли гушти мурғ дар яке аз ошхонаҳои Панҷакент

Ошхонае, ки сокинон заҳролуд шудаанд, муваққатан баста шудааст.

Тасдиқи реҷаи нави кори мағоза ва тарабхонаву марказҳои дилхушӣ дар Душанбе. Онҳо то кай бояд кор кунанд?

Соҳибони марказҳои савдову хидматрасонӣ бояд реҷаи кори худро бо комиссияи шаҳрдорӣ мувофиқа кунанд.

Русия 27 шаҳрванди Тоҷикистонро аз Эрон берун баровардааст

Онҳо дар нерӯгоҳи ҳастаии "Бушаҳр" кор мекарданд.

Муштзанони тоҷик дар марҳилаи якуми Ҷоми ҷаҳон дар Бразилия ширкат мекунанд

Федератсияи бокси Тоҷикистон ҳайати дастаро, ки аз 4 варзишгар иборат аст, эълон кард.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 68

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.