Роҳи Душанбе – Чаноқ барои равуои нақлиёт боз аст

Ширкати IRS хабар медиҳад, ки бо вуҷуди давомдору пуршиддат будани бориши борону барф дар масири Душанбе  – Чаноқ,  ин роҳ барои ҳаракати нақлиёт кушода аст. “Тоза намудани роҳ аз барф ва коркарди он бо маводи зиддилағзиш мунтазам амалӣ шуда истодааст”, – зикр мегардад дар хабари нашршуда дар саҳифаи Facebook-и ширкат. Гуфта мешавад, бо мақсади эҷод […]

Asia-Plus

Ширкати IRS хабар медиҳад, ки бо вуҷуди давомдору пуршиддат будани бориши борону барф дар масири Душанбе  – Чаноқ,  ин роҳ барои ҳаракати нақлиёт кушода аст.

“Тоза намудани роҳ аз барф ва коркарди он бо маводи зиддилағзиш мунтазам амалӣ шуда истодааст”, – зикр мегардад дар хабари нашршуда дар саҳифаи Facebook-и ширкат.

Гуфта мешавад, бо мақсади эҷод накардани монеа ба ҳаракати дигар воситаҳои нақлиёт, гузариши фура ва автомобилҳои боркаши притсепдор муваққатан маҳдуд гардид.

Зимнан аз ронандагон хоҳиш шудааст, ки бидуни омодагии ба мавсими сармо хос ба роҳ набароянд ва ҳангоми ҳаракат эҳтироми ҳамдигарро ба ҷо оранд.

Ёдрас мекунем, ки қаблан дар дохили нақби "Дӯстӣ" (мавзеи Майхура) бо иштироки автомашинаи боркаши бузургҳаҷм (Фура) ва “Спринтер” садамаи нақлиёт рух дода, ҳаракати нақлиёт муддате муваққатона манъ шуда буд. Айни замон паёмади садама бартараф шуда, хушбахтона, касе дар ин садама осеб надидааст.

Қобили зикр аст, ки роҳи Душанбе – Чаноқ ягона роҳе аст, ки маркази кишварро бо шимол мепайвандад. Ҳамасола бо фаро расидани зимистон, дар пайи боришоти барфу фаромадани тарма, садамаҳои мудҳиш ё фуромадани сангу садамаи мошинҳои ҳомили газ ин роҳ барои муддате баста мешавад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.