Роҳи Душанбе – Чаноқ баста аст

Чанд дақиқа пеш роҳи Душанбе-Чаноқ, ягона роҳе ки шимоли кишварро ба марказ мепайвандад баста шудааст. Дар ин бора филиали ширкати "Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД" дар Тоҷикистон, ки масъули ҷамъоварии маблағ ва нигоҳубини ин роҳ аст, хабар додааст. Манбаъ навиштааст, ки сабаби баста шудани роҳ “рух додани садама дар дохили нақби Дустӣ (минтақаи Майхура)” мебошад. Дар […]

Asia-Plus

Чанд дақиқа пеш роҳи Душанбе-Чаноқ, ягона роҳе ки шимоли кишварро ба марказ мепайвандад баста шудааст. Дар ин бора филиали ширкати "Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД" дар Тоҷикистон, ки масъули ҷамъоварии маблағ ва нигоҳубини ин роҳ аст, хабар додааст.

Манбаъ навиштааст, ки сабаби баста шудани роҳ “рух додани садама дар дохили нақби Дустӣ (минтақаи Майхура)” мебошад. Дар бораи тафсилоти садама иттилоъ дода намешавад.

Масъулини ин ширкат гуфтаанд, ки кормандонашон “фавран ба маҳалли ҳодиса сафарбар шуда, барои бартарафсозии пайомади садамаи нақлиётӣ тадбирандешӣ доранд. Баробари кушода шудани роҳ, ҳатман иттилоъ хоҳем дод”.

Ин ширкат гуфтааст, ки тафсилоти садама дертар нашр хоҳад шуд.

Роҳи Душанбе –Чаноқ ягона роҳе аст, ки маркази кишварро бо шимол мепайвандад. Ҳамасола бо фаро расидани зимистон, дар пайи боришоти барфу фаромадани тарма, садамаҳои мудҳиш ё фуромадани сангу садамаи мошинҳои ҳомили газ ин роҳ барои муддате баста мешавад.

Аз ҷумла, чанде пеш дар пайи фаромадани куҳпора роҳ давоми чанд соат баста шуда буд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.