Ҳама ҷо ҷанг. Тайи 30 соли ахир шумори низоъҳои мусаллаҳона дар ҷаҳон рекордӣ шуд

Хабаргузории Bloomberg бо истинод ба таҳқиқоти Пажуҳишгоҳи байнулмилалии таҳқиқоти стратегӣ дар Лондон иттилоъ медиҳад, ки соли 2023 дар саросари дунё 183 даргирии мусаллаҳона ба қайд гирифта шудааст, ки нишондиҳандаи баландтарин тайи се даҳсолаи ахир мебошад. Ба ақидаи муаллифони мақола, дар ҳамин ҳол, ба ҷаҳон ҷанги калон таҳдид намекунад, вале ташаннуҷи вазъ байни давлатхо, махсусан дар […]

Asia-Plus

Хабаргузории Bloomberg бо истинод ба таҳқиқоти Пажуҳишгоҳи байнулмилалии таҳқиқоти стратегӣ дар Лондон иттилоъ медиҳад, ки соли 2023 дар саросари дунё 183 даргирии мусаллаҳона ба қайд гирифта шудааст, ки нишондиҳандаи баландтарин тайи се даҳсолаи ахир мебошад.

Ба ақидаи муаллифони мақола, дар ҳамин ҳол, ба ҷаҳон ҷанги калон таҳдид намекунад, вале ташаннуҷи вазъ байни давлатхо, махсусан дар муносибатхои байни ИМА ва Чин меафзояд.

"Ин манзараи даҳшатноки афзоиши хушунат дар бисёр минтақаҳоро тасвир мекунад ва ҷангҳо доимӣ ба истиқрори сулҳ монеъа эҷод месозанд. Ин таҳқиқот, ки на ба бархӯрдҳои абарқудратон байни Чин, Русия, ИМА ва муттаҳидони онҳо, балки ба низоъҳои минтақавӣ бахшида шудааст, 183 низоъ дар соли 2023-ро фаро гирифтааст, ки ин шумори баландтарин дар се даҳсола аст”, – омадааст дар мақола.

Муаллифони мавод илова кардаанд, ки гурӯҳҳои мусаллаҳи ғайридавлатӣ нақши зиёновар доранд ва ҷунбиши Ҳамоси фаластинӣ танҳо барҷастатарини онҳост. Дар ин матлаб зикр мешавад, ки даргириҳои марзӣ дар саросари ҷаҳон рух медиҳанд ва низоъ миёни Исроил ва Фаластин метавонад дар Ховари Миёна низоъҳои густардатареро ба вуҷуд орад.

Дар мавод ҳамчунин гуфта мешавад, то ҳол маълум нест, ки Си Ҷинпин, раиси Чин то куҷо омода аст, барои густариши таҷовузи худ дар Баҳри Чини Ҷанубӣ, пеш аз ҳама бар зидди Тайван иқдом кунад.

“Дар саросари ҷаҳон задухӯрдҳои марзӣ ба амал меоянд, ки кӯшиши Русия барои сарнагун кардани Украина харобиовартарини онҳост. Озарбойҷон Қарабоғи Кӯҳиро тасарруф карда, ба фирори беш аз 100 ҳазор сокини армантабори он боис гардид. Танишҳо миёни Русия ва Гурҷистон боқӣ монда, танишҳо миёни Алҷазоир ва Марокаш бадтар аз ҳар замони муосир аст. Терроризми дохилӣ дар Покистон бадтар шуда, ташаннуҷ бо ҳукумати зиддимусулмонии Ҳиндустон ба таври хатарнок баланд аст ”, – гуфта мешавад дар он.

Инчунин зикр мешавад, ки "буҳрони суръатбахши иқлим ба таъсираш ҳамчун омили сабабҳои аслии низоъ ва заъфҳои камбудиҳои ниҳодӣ дар кишварҳои осебпазир идома медиҳад".

“Шиддати низоъҳо сол аз сол меафзояд: тибқи таҳқиқоти охирин, теъдоди қурбониён 14% ва ҳодисаҳои хушунатбор – 28% афзудааст. Ин ҷаҳонест, ки "дар пасманзари шумораи афзояндаи фаъолон, ангезаҳои мураккаб ва убуркунанда, таъсироти глобалӣ ва суръатбахшии тағирёбии иқлим бо низоъҳои бештари ҳаллашон душвор ва зӯроварии мусаллаҳ бартарӣ дорад”, – омадааст дар мавод.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.