“Ҳамаи маҳсулот пешакӣ санҷиш мешавад”. Ифтитоҳи бозори дуюм дар марзи Тоҷикистону Афғонистон

Дар сарҳади Тоҷикистону Афғонистон бозори нави наздимарзӣ ифтитоҳ шуд. Ин дуюмин бозорест, ки дар сарҳади ду кишвар ба фаъолият оғоз мекунад. Бозори муштараки наздимарзии “Шоҳон” дар деҳаи Шоҳони ҷамоати деҳоти Даштиҷуми ноҳияи Шамсиддин Шоҳин кушода шудааст. Шифо Ҷумъазода, муовини раиси ноҳияи мазкур дар сӯҳбат ба “Азия-Плюс” гуфт, бозори мазкур рӯзи 2-юми декабр ифтитоҳ гардид. “Сохтмони […]

Меҳрофарин Наҷибӣ, Asia-Plus

Дар сарҳади Тоҷикистону Афғонистон бозори нави наздимарзӣ ифтитоҳ шуд. Ин дуюмин бозорест, ки дар сарҳади ду кишвар ба фаъолият оғоз мекунад.

Бозори муштараки наздимарзии “Шоҳон” дар деҳаи Шоҳони ҷамоати деҳоти Даштиҷуми ноҳияи Шамсиддин Шоҳин кушода шудааст. Шифо Ҷумъазода, муовини раиси ноҳияи мазкур дар сӯҳбат ба “Азия-Плюс” гуфт, бозори мазкур рӯзи 2-юми декабр ифтитоҳ гардид.

“Сохтмони бозори ноздимарзӣ кайҳо ба анҷом расида буд, вале бо сабабҳои амниятӣ ифтитоҳи бозор мавқуф гузошта шуд. Акнун бо супориши махсуси сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бозори “Шоҳон” боз гардид”, – гуфт ҳамсӯҳбати мо.

Ӯ афзуд, дар маросими ифтитоҳ намояндагони ҳукумати ноҳияи Шамсиддин Шоҳин ва раису муовинони ноҳияи Хоҳони вилояти Бадахшони Афғонистон ширкат карданд.

Шифо Ҷумъазода гуфт, акнун бозор ҳар ҳафта рӯзи шанбе аз соати 8:00 то 12:00 дар қаламрави Тоҷикистон баргузор мешавад ва маҳсулоти ватании Тоҷикистону Афғонистон ба фурӯш гузошта мешаванд.

Дар робита ба амнияти бозори наздимарзӣ ва нагузаштани қочоқ Ҷумъазода гуфт, “ҳама гуна маҳсулоти фурӯш дар сарҳад аз сӯи мақомоти ду кишвар санҷида мешаванд”

“Масъулини КДАМ, Агентии гумрук, Кумитаи сарҳадот ва дигар ниҳодҳои марбутаи Тоҷикистон ҳама гуна ашёи аз марз мегузаштаро назорат мекунанд. Аз ҷониби давлати ҳамсоя ҳам масъулинашон дар марз санҷиш мегузаронанд. Амнияти бозори наздимарзӣ ба таври бояду шояд таъмин аст”, – таъкид кард Шифо Ҷумъазода.

Ҳорун Мустафоев, сармуҳаррири нашрияи маҳаллии “Насими Терай” дар сӯҳбат ба “Азия-Плюс” гуфт, “бозори наздимарзӣ ду ҳафта инҷониб баргузор мегардад ва маҳсулоти ду кишвар, аз ҷониби Афғонистон – биринҷ, чойи хушк, обҳои нӯшокӣ, равған, қаймоқ, собун ва либосу шарфҳо ва аз ҷониби Тоҷикистон – маҳсулоти ниёзи аввалия ба фурӯш гузошта мешавад”.

“Бозор аз ду растаи алоҳида иборат аст, ки тоҷирони Афғонистонро аз тоҷирони Тоҷикистон ҷудо мекунад. Болои бозор пӯшонида шудааст ва дар рӯзҳои барфу борон ҳам харидуфурӯш мешавад. Инчунин, чанд ошхона кушода шудааст, ки дар он хӯрокҳои миллии тоҷикон пухта мешавад. Ҳама гуна хариду фурӯш бо сомонӣ ҷараён мегирад”, – шарҳ дод Ҳорун Мустафоев.

Ёдовар мешавем, ки пас аз ба сари қудрат омадани Толибон* дар Афғонистон, ин дуввуми бозори наздимарзии Тоҷикистону Афғонистон аст, ки фаъолият мекунад: аз ин пештар моҳи августи имсол дар шаҳри Хоруғ бозори наздимарзӣ ифтитоҳ шуда буд.

*Дар Тоҷикистон гурӯҳи террористӣ эътироф шудааст.

Ҳар он чи дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо – "Афғонистон" бихонед.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.