Дар Тоҷикистон қонун “Дар бораи ҳифзи пиряхҳо” қабул шуд

Дар Тоҷикистон зиёда аз 13 ҳазор пирях ба қайд гирифта шудааст, ки ба туфайли онҳо ҳудуди 60%-и захираҳои обии Осиёи Марказӣ дар қаламрави ҷумҳурӣ ташаккул меёбанд. Имрӯз беш аз 1000 пирях об шуда, боқимонда ба ҳифзу нигаҳдорӣ ниёз доранд. Дар робита ба ин дар ҷумҳурӣ қонун қабул шуд. Дар ҷаласаи навбатии иҷлосияи панҷуми парлумони Тоҷикистон […]

Сайфиддин Қараев, Asia-Plus

Дар Тоҷикистон зиёда аз 13 ҳазор пирях ба қайд гирифта шудааст, ки ба туфайли онҳо ҳудуди 60%-и захираҳои обии Осиёи Марказӣ дар қаламрави ҷумҳурӣ ташаккул меёбанд. Имрӯз беш аз 1000 пирях об шуда, боқимонда ба ҳифзу нигаҳдорӣ ниёз доранд. Дар робита ба ин дар ҷумҳурӣ қонун қабул шуд.

Дар ҷаласаи навбатии иҷлосияи панҷуми парлумони Тоҷикистон вакилони мардумӣ қонун “Дар бораи ҳифзи пиряхҳо”-ро тасдиқ карданд.

Ба иттилои нашрияи парлумонии “Садои мардум”, вакил Зоир Раҳмонзода дар ин робита изҳор дошт, ки қонун аз 4 боб иборат буда, дар доираи ташаббусҳои президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, аз ҷумла оид ба масъалаҳои обу иқлим ва Қатъномаи махсуси Маҷмаи умумии СММ оид ба эълон намудани соли 2025 ҳамчун «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо», ки дар иҷлосияи 77-уми СММ аз 14-уми декабри соли 2022 қабул шудааст, таҳия гардидааст.

“Қонун асосҳои ҳуқуқӣ, иқтисодӣ ва ташкилии ҳифзи пиряхҳоро ҳамчун объектҳои муҳити зист ва манбаъҳои стратегии захираҳои обӣ муайян намуда, муносибатҳои ҷамъиятиро оид ба пешбурди корҳои омӯзишӣ, илмию таҳқиқотӣ, мониторинг ва ҳифзи пиряхҳо ва тадбиқи сиёсати давлатӣ ва байналмилалии Тоҷикистонро оид ба ҳифзи пиряхҳо танзим мекунад”, – иброз дошт Раҳмонзода.

Муовини якуми раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти кишвар Зарафо Қиёмзода илова намуд, ки мувофиқи қатъномаи зикршуда, пас аз соли 2025-ум 21-уми март ҳамчун «Рӯзи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» эълон гардид.

Зикр шуд, ки ҳамчунин «Фонди боварии байналмилалӣ оид ба ҳифзи пиряхҳо» таъсис ёфта, баргузории конфронси сатҳи баланди байналмилалӣ дар соли 2025 дар шаҳри Душанбе пешбинӣ шудааст.

Ба саволи вакил Абдуҳалим Ғаффорзода дар бораи аз ҷониби олимон андешида шудани ягон тадбир барои пешгирии обшавии пиряхҳо Қиёмзода посух дод, ки: “Тағйирёбии иқлим равандест, ки пеши роҳи онро гирифтан хеле мушкил аст. Мо танҳо бо шинонидани дарахтон ва сохтани обанборҳо, хусусан НБО «Роғун», ки боиси паст шудани ҳарорат мегардад, метавонем саҳмгузор бошем. Дар ин самт тадқиқотҳо ва дигар чорабиниҳо амалӣ шуда истодаанд”.

Вакил Парвиз Шодизода дар навбати худ аз ҳамтоёни худ даъват кард, ки ба ҷонибдории қабули қонун овоз диҳанд ва зикр кард, ки “наздик ба 6 дарсади ҳудуди Тоҷикистонро пиряхҳо ташкил медиҳанд ва дар шароити тағйирёбии иқлим ҳифзи пиряхҳоро тавассути қонуни муайян мувофиқи мақсад мешуморем”.

Аз қабули қонун дар бораи ҳифзи пиряхҳо вакилони парлумони Тоҷикистон якдилона ҷонибдорӣ намуданд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио