“Фурсати донистан”: Тартиби иҷро намудани варақаҳои иҷро оид ба баҳсҳои манзил чигуна аст?

Ҳар ҳафта дар барномаи “Фурсати донистан”-и радиои “Азия-Плюс” мо бо ҳуқуқшиносон дар мавриди масоили расмиёти маъмурӣ мусоҳибаи ихтисосӣ анҷом медиҳем. Ин бор меҳмони барнома ҳуқуқшиноси маъруф ва вакили дифоъ Иноят Иноятов буд, ки бо Меҳрубон Зокирӣ мавзуи тартиби иҷро намудани варақаҳои иҷро оид ба баҳсҳои манзилро баррасӣ намуданд.   Тартиби иҷро намудани варақаи иҷро оид […]

Asia-Plus

Ҳар ҳафта дар барномаи “Фурсати донистан”-и радиои “Азия-Плюс” мо бо ҳуқуқшиносон дар мавриди масоили расмиёти маъмурӣ мусоҳибаи ихтисосӣ анҷом медиҳем. Ин бор меҳмони барнома ҳуқуқшиноси маъруф ва вакили дифоъ Иноят Иноятов буд, ки бо Меҳрубон Зокирӣ мавзуи тартиби иҷро намудани варақаҳои иҷро оид ба баҳсҳои манзилро баррасӣ намуданд.

 

Тартиби иҷро намудани варақаи иҷро оид ба ӯҳдадор намудани қарздор барои содир намудани амалҳои муайян чигуна аст?

Дар моддаи 112 Қонун «Дар бораи истеҳсолоти иҷро» тартиби иҷро намудани ҳуҷҷати иҷро, ки намудан аз содир намудани амалҳои муайян ӯҳдадор менамояд, танзим гардидааст.

Ҳангоми иҷрои ҳуҷҷати иҷро, ки қарздорро барои содир намудани амалҳои муайян, ки онҳоро танҳо қарздор метавонад содир намояд ё худдорӣ намудан аз содир намудани амалҳои муайян ӯҳдадор менамояд, иҷрочии мақомоти иҷро ба қарздор хабарнома дар бораи содир намудани ин амалҳо, ки дар он муҳлат то панҷ рӯз муқаррар мекунад ё хабарнома дар бораи зарурати худдорӣ намудан аз содир намудани амалҳои муайян мефиристад.

Дар ҳолати дар муҳлати муқарраршуда иҷро нагардидани ҳуҷҷати иҷро, ки қарздорро барои содир намудани амалҳои муайян ё худдорӣ намудан аз содир намудани амалҳои муайян ӯҳдадор менамояд, иҷрочии мақомоти иҷро протокол дар бораи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода, ба суд бо пешниҳод дар бораи татбиқ намудани чораи ҷавобгарии маъмурӣ нисбат ба қарздор муроҷиат менамояд.

Аз ҷониби суд нисбат ба қарздор татбиқ гардидани чораи ҷавобгарии маъмурӣ ӯро аз уҳдадории содир намудани амалҳои муайян ё худдорӣ намудан аз содир намудани амалҳои муайян, ки дар ҳуҷчати иҷро дарҷ шудаанд, озод намекунад.

 

Тартиби иҷро намудани иҷро варақа оиди кӯчонидани шаҳрванд аз манзили истиқоматӣ чигуна мебошад?

Тартиби иҷрои ҳуҷҷати иҷро оид ба кӯчонидани қарздор аз манзили истиқоматӣ дар моддаи 115 Қонун «Дар бораи истеҳсолоти иҷро» пешбинӣ шудааст. Ҳангоми дар муҳлати панҷшабонарӯзи муқаррарнамудаи иҷрочии мақомоти иҷро аз ҷониби қарздор ихтиёран иҷро накардани ҳуҷҷати иҷро оид ба кӯчонидан, иҷрочии мақомоти иҷро кӯчонидани қарздорро ба тариқи маҷбурӣ амалӣ менамояд.

Иҷрочии мақомоти иҷро қарздорро дар бораи рӯз ва вақти кӯчонидани маҷбурӣ расман хабардор менамояд. Набудани қарздоре, ки аз рӯзи кӯчонидан хабардор карда шуда буд, барои иҷрои ҳуҷҷати иҷро монеъ намегардад.

Кӯчонидан аз холӣ намудани бинои дар ҳуҷҷати иҷро зикршуда, аз кӯчонидашаванда (кӯчонидашавандаҳо), молу мулки ӯ (онҳо), ҳайвоноти хонагӣ ва ба ситонанда супоридани бинои холикардашуда ё бо тартиби муқарраргардида барои нигаҳдорӣ супоридашуда иборат мебошад.

Кӯчонидан дар ҳузури шахсони холис ва дар мавридҳои зарурӣ бо мусоидати мақомоти корҳои дохилӣ ва бо барӯйхатгирии ҳатмии молу мулк аз тарафи иҷрочии мақомоти иҷро амалӣ карда мешавад.

Иҷрочии мақомоти иҷро дар мавридҳои зарурӣ нигоҳдории молу мулки қарздорро бо вогузории хароҷоти сарфшуда ба зиммаи ӯ таъмин менамояд. Молу мулки қарздор дар муҳлати на зиёда аз се сол нигоҳ дошта мешавад, пас аз ин муҳлат молу мулки мазкур ҳамчун молу мулки бесоҳиб бо тартиби муқарраршуда ба фурӯш бароварда мешавад. Маблағҳо аз фурӯши молу мулки қарздор ба буҷети давлатӣ равона карда мешаванд.

Иҷрои ҳуҷҷати иҷро оид ба кӯчонидани қарздор аз тарафи иҷрочии мақомоти иҷро бо тартиб додани санад оид ба кӯчонидан ба расмият дароварда мешавад.

Ин матлаб дар ҳамкорӣ бо Ҷамъиятӣ олмонии ҳамкориҳои байналмилалӣ дар доираи лоиҳаи "Шаҳрванд дар расмиёти маъмурӣ ва истеҳсолоти иҷро" омода шудааст.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.