Барои муҳоҷирон дар Русия қарори ихроҷ ба ҷарима иваз мешавад?

Кумитаи Думаи давлатӣ оид ба сохтмони давлатӣ ва қонунгузорӣ тағйиротеро, ки дар он ивази хориҷ кардан ба ҷарима иваз карда мешавад, маъқул донист. Дар ин бора хабаргузории РБК иттилоъ медиҳад. Дар сурати муносибати дурусту софдилона нисбат ба пардохти андозҳо, риояи қонунгузорӣ ва доштани манзил, инчунин боз як қатор ҳолатҳо додрас метавонад қарори ихроҷро ба таъйини […]

Asia-Plus

Кумитаи Думаи давлатӣ оид ба сохтмони давлатӣ ва қонунгузорӣ тағйиротеро, ки дар он ивази хориҷ кардан ба ҷарима иваз карда мешавад, маъқул донист. Дар ин бора хабаргузории РБК иттилоъ медиҳад.

Дар сурати муносибати дурусту софдилона нисбат ба пардохти андозҳо, риояи қонунгузорӣ ва доштани манзил, инчунин боз як қатор ҳолатҳо додрас метавонад қарори ихроҷро ба таъйини ҷарима иваз намояд.

Агар қарор дар бораи ихроҷ ба назари дорас ҷазои хеле сахт ва ба ҳадафҳои ҷазои маъмурӣ номутаносиб ба назар расад, «инчунин дар сурати мавҷуд набудани давлат барои қабули шахси бешаҳрванд дар қаламрави он», ӯ метавонад ба сифати ҷарима то 50 ҳазор рубл ё худ корҳои ҳатмӣ (маҷбурӣ) ба муҳлати аз 150 то 200 соат ҷазо таъин кунад.

Истисно дар ҳолатҳои таъини ҷазо тибқи якчанд моддаҳои Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ хоҳад буд, ки аз ҷумла ба тарғиби муносибатҳои ғайрианъанавӣ ва дигар кардани ҷинс ё саркашии шаҳрванди хориҷӣ аз ихроҷ марбут бошанд.

Тавре ки Интерфакс шарҳ медиҳад, ин тағйирот дар доираи қироати дуюми лоиҳаи қонун, ки ҳанӯз соли 2017 пешниҳод шуда буд, тасдиқ карда шудааст.

Соли 2023 мақомоти пулиси шаҳри Санкт-Петербург беш аз 7,6 ҳазор нафарро аз Русия ихроҷ кард. Теъдоди хориҷиёни ихроҷшуда на ба далели қонуншиканӣ, балки ба далели надоштани заминаи қонунии будубош дар кишвар 200 нафарро ташкил додааст.

Соли 2023 дар Қазон 1,6 ҳазор қарор дар бораи ихроҷи шаҳрвандони хориҷӣ аз Русия ва 912 пешниҳод дар бораи радди иҷозати вуруд қабул шудааст.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио