“Баъди тақдими “Шоҳнома”, аз рӯзгори Фирдавсӣ бояд филм бардорем”. Пешниҳоди Муҳиддини Музаффар

Дар пайи иқдоми раиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон, ки супориш дод, ба ҳар як оилаи Тоҷикистон китоби “Шоҳнома” ҳадя шавад, пешниҳод гардид, ки аз рӯзгори Абулқосим Фирдавсӣ филм ҳам бардошта шавад. Муҳиддини Музаффар, коргардони тоҷик дирӯз, 17-уми декабр, дар поёни намоиши филми “Дов” дар Душанбе ин пешниҳодро ироа кард. Ӯ гуфт, ҳадяи “Шоҳнома” аз сӯи Эмомалӣ […]

Меҳрофарин Наҷибӣ, Asia-Plus

Дар пайи иқдоми раиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон, ки супориш дод, ба ҳар як оилаи Тоҷикистон китоби “Шоҳнома” ҳадя шавад, пешниҳод гардид, ки аз рӯзгори Абулқосим Фирдавсӣ филм ҳам бардошта шавад.

Муҳиддини Музаффар, коргардони тоҷик дирӯз, 17-уми декабр, дар поёни намоиши филми “Дов” дар Душанбе ин пешниҳодро ироа кард. Ӯ гуфт, ҳадяи “Шоҳнома” аз сӯи Эмомалӣ Раҳмон иқдоми сутуданӣ аст, вале бояд филми таърихии Фирдавсӣ ҳам ҳарчӣ зудтар ба навор гирифта шавад.

“Тоҷикфилм” дар замони шӯравӣ аз “Шоҳнома” филмҳои хуб ба навор гирифт, ки имрӯз мо аз он ифтихор мекунем. Аммо дар даврони истиқлол чунин иқдом рӯи даст гирифта нашуд. Ҳоло моро зарур аст, ки дар пайи ҳадяи “Шоҳнома”, аз рӯзгори Фирдавсӣ филм ҳам созем”, – гуфт Муҳиддини Музаффар.

Ин коргардони тоҷик таъкид кард, ки дар замони муосир филм яке аз роҳҳои таъсиррасон дар идеология мебошад ва синамосозони моро лозим аст, ки аз он ба таври дурусту фоиданок истифода баранд.

Ӯ инчунин пешниҳод кард, ки бахшида ба 115-солагии Қаҳрамони Тоҷикистон Бобоҷон Ғафуров ҳам бояд филми мустанад бардошта шавад.

“Ҳоло синамосозони моро мебояд, аз рӯзгор, корнома, шахсият, ба зери бало рафта, барои миллаташ ҷонбозӣ кардани Бобоҷон Ғафуров ҳам филми мустанад ба навор гиранд. Номи Ғафуровро мо ба ин восита ҷаҳонӣ ва беш аз пеш ҷовидона карда метавонем”, – афзуд коргардони тоҷик.

Гуфтан ба маврид аст, ки чанд сол қабл дар бораи рӯзгори шоири классикии тоҷик Абулқосими Фирдавсӣ дар Театри Лоҳутӣ намоишномаи “Фирдавсӣ” рӯи саҳна гузошта шуд. Ин намоишнома дар озмуни ҷумҳуриявии театрҳо –  “Парасту” ғолиб ҳам гардида буд.

Аммо маълум нест, ки дар бораи рӯзгори Бобоҷон Ғафуров дар театри тоҷик намоишномае рӯи саҳна омадааст ва ё на.

Ёдовар мешавем, ки аввали моҳи декабр бахшида ба 115-солагии академик Бобоҷон Ғафуров дар Душанбе Симпозиуми байналмилалӣ баргузор гашт. Дар ин симпозиум шахсан Эмомалӣ Раҳмон ширкат карда, аз хидматҳои мондагорӣ ин Қаҳрамони Тоҷикистон ёдовар шуд.

Дар ин симпзиум Эмомалӣ Раҳмон супориш дод, ки масъалаи таъсиси Ҷоизаи давлатии ба номи академик Бобоҷон Ғафуров мавриди омӯзиш қарор гирифта, дар ин бораи пешниҳод манзур шавад.

Ҳамин тавр, дар симпозиуми мазкур раисҷумҳури Тоҷикистон гуфт, аз ҳисоби Фонди сарвари давлат китоби “Шоҳнома” ба чоп расонида шуда ва ба ҳар як оилаи мамлакат ҳадя карда шавад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.