Савдои дуҷонибаи Вилояти мухтори Синтзян-Уйғури Чин бо Тоҷикистон қариб 98% афзуд

Дар зарфи 11 моҳи соли 2023 ҳаҷми савдои Вилояти мухтори Синтзян-Уйғури Чин бо панҷ кишвари минтақаи Осиёи Марказӣ ба андозаи 53,4% афзуд. Дар ин бора Синхуа хабар медиҳад. Ҳаҷми савдои ин минтақа бахусус бо Тоҷикистон зиёд шудааст: ба миқдори 97,3%. Давоми сол ин нишондиҳанда бо Қазоқистону Қирғизистон нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта мутаносибан 70,8% […]

Asia-Plus

Дар зарфи 11 моҳи соли 2023 ҳаҷми савдои Вилояти мухтори Синтзян-Уйғури Чин бо панҷ кишвари минтақаи Осиёи Марказӣ ба андозаи 53,4% афзуд. Дар ин бора Синхуа хабар медиҳад.

Ҳаҷми савдои ин минтақа бахусус бо Тоҷикистон зиёд шудааст: ба миқдори 97,3%. Давоми сол ин нишондиҳанда бо Қазоқистону Қирғизистон нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта мутаносибан 70,8% ва 32% афзудааст.

Ба сурати умум ҳаҷми гардиши молу маҳсулот бо кишварҳои Осиёи Марказӣ 80% аз ҳаҷми умумии савдои вилоятро ташкил медиҳад.

Дар ин давра ҳаҷми савдои дуҷонибаи Вилояти мухтори Синтзян-Уйғури Чин бо кишварҳои узви ташаббуси “Камарбанд ва роҳ” 49% зиёд шудааст.

Давоми моҳҳои январ-ноябри соли равон ҳаҷми савдои хориҷии Синтзян нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 47,4% афзуда, 320,53 млрд юан (тақрибан 45,19 млрд доллар)-ро ташкил додааст.

Соли ҷорӣ дар Вилояти мухтори Синтзян-Уйғури Чин афзоиши босуръати содироти маснуоти заҳматталаб ва электромеханикӣ ба мушоҳида расидааст. Ҳаҷми умумии содироти ин навъи маҳсулот аз рӯи нарх 232,76 млрд юан ё худ 86% аз ҳаҷми умумии содироти вилоятро дар ин давра ташкил додааст.

Бино ба маълуомти Агентии омори ҷумҳурӣ, дар зарфи 11 моҳи соли равон ҳаҷми савдои дуҷониба байни Тоҷикистон ва Чин зиёда аз 1,3 млрд долларро ташкил додааст, ки 21% зиёдтар нисбат ба ҳамин давраи соли 2022 мебошад.

Аз ҷумла, содироти молу маҳсулоти Тоҷикистон ба Чин 245 млн доллар ва воридоти маҳсулот аз Чин – ҳудуди 1,1 млрд долларро ташкил додааст.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио