Гулҷаҳон Бобосодиқова: “Беҳтарин анъанаҳои оилаи тоҷикиро бояд паҳн кунем”

Аҳли хонавода барои соҳибмаълумот шудани духтарону занон чӣ нақше дошта метавонанд? Ақидаҳои қолабии гендерӣ ва зӯроварӣ дар оиларо чӣ хел метавон коҳиш дод? Сарфи назар аз он ки қонунгузории Тоҷикистон никоҳи барвақтиро манъ кардааст, чаро бе розигии духтар ба шавҳар доданаш пурра аз байн нарафтааст? Дар кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон оиладор шудани бонувони аз 25-сола боло […]

admin

Аҳли хонавода барои соҳибмаълумот шудани духтарону занон чӣ нақше дошта метавонанд? Ақидаҳои қолабии гендерӣ ва зӯроварӣ дар оиларо чӣ хел метавон коҳиш дод?

Сарфи назар аз он ки қонунгузории Тоҷикистон никоҳи барвақтиро манъ кардааст, чаро бе розигии духтар ба шавҳар доданаш пурра аз байн нарафтааст?

Дар кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон оиладор шудани бонувони аз 25-сола боло таҷрибаи маъмулист. Чаро дар ҷомеаи мо духтароне, ки то 25-солагӣ шавҳар накардаанд, баъзан таҳқир мешаванд, ки “пирдухтар” шудаанд?

Раванди муҳоҷирати корӣ то чӣ андоза ба устувории оилаҳо ва тарбияи кӯдакон, ҳамчунин афзоиши хушунати хонаводагӣ таъсир мерасонад?

Роҳбари эътилофи “Аз баробарии ҳуқуқӣ – ба баробарии воқеӣ” Гулҷаҳон Бобосодиқова дар бораи масоили ҳалталаби хонавода, ҷомеа ва кишвар андешаронӣ мекунад. Суҳбаторо – Субҳон Ҷалилов.

Видеоподкасти “Оила – макони меҳрубонӣ” бо ҳамоҳангсозии Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи Ташаббуси муштараки Иттиҳоди Аврупо ва Созмони Милали Муттаҳид “Нури рӯшноӣ” таҳия шудааст.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио