Тавофуқи Тоҷикистону Қазоқистон дар мавриди ҳамкорӣ дар соҳаи “ҳукумати электронӣ”

Date:

Хадамоти алоқаи Тоҷикистон ва ширкати “Технологияҳои иттилоотии миллӣ”-и Қазоқистон Ёддошти ҳамкорӣ ба имзо расониданд.

Тавре ки дафтари матбуоти Хадамоти алоқаи ҷумҳурӣ хабар медиҳад, санад бо мақсади таҳкими ҳамкориҳо дар самти технологияҳои иттилоотӣ, аз ҷумла дар соҳаи рушд ва ҷорисозии “ҳукумати электронӣ” имзо шуд.

“Дар Ёддошт самт ва доираи ҳамкориҳо мушаххас гардида, имкон медиҳад, ки инфрасохтори иттилоотию коммуникатсионии «ҳукумати электронӣ» дар Тоҷикистон таҳким ёбад”, – омадааст дар хабари Хадамот.

Гуфта мешавад, санад аз ҷониби сардори Хадамоти алоқаи назди ҳукумати ҶТ Бег Сабур ва муовини раиси Шӯрои ҶС “Технологияҳои иттилоотии миллӣ” Дмитрий Мун ба имзо расид.

Бег Сабур таъкид дошт, ки  оғози ҳамкорӣ баҳри кори муштарак имкониятҳои нав фароҳам меорад. Ҷонибҳо ҳамчунин имконоти табодули таҷриба, баргузории чорабиниҳои муштарак ва дигар масоили мавриди таваҷҷуҳи таарфайнро баррасӣ карданд.

“Ин шарикӣ дастрасии Тоҷикистонро ба таҷрибаву технологияҳои дар Қазоқистон санҷидашуда таъмин карда, як марҳилаи муҳим дар рушди технологияҳои рақамӣ дар кишвар хоҳад шуд”, – илова кард ӯ.

ҶС “Технологияҳои иттилоотии миллӣ”  оператори пешсаф дар соҳаи зерсохтори иттилоотӣ-коммуникатсионӣ дар Қазоқистон буда, соли 2000-ум таъсис дода шудааст.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Қарзи давлатии Тоҷикистон давоми соли гузашта 100 млн доллар камтар шуд

Қарзи давлатии Тоҷикистон то 1 январи соли равон 3,5...

Дар Тоҷикистон барои фурӯши сабикаи тилло дастгоҳҳои худкор насб мекунанд

Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) ба нақша гирифтааст, ки давоми...

1 млрд доллар камтар. Чаро гардиши мол байни Тоҷикистону Қазоқистон кам шуд?

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот байни Тоҷикистон ва...