Ҷавонзане, ки мехост худкушӣ кунад, наҷот дода шуд

Date:

Як сокини пойтахт зани 21-соларо, ки бо қасди худкушӣ худро аз ошиёнаи 7 овезон карда буд, наҷот додааст.

Бино ба иттилои Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе, ҳодиса дирӯз, 27-уми декабр, дар кӯчаи С.Айнии ноҳияи Шоҳмансур рух додааст. 

Гуфта мешавад, ки ҷавондухтари 21-сола, ки аз тирезаи ошиёнаи 7-ум қасди худкушӣ дошт, аз ҷониби Мавлюда Ризоева, сокини бинои мазкур наҷот дода шудааст. 

"Дар натиҷаи пешбурди як қатор коркардҳои оперативию тафтишоти пешакӣ муайян карда шуд, ки ҷавондухтари мазкур тарзи ҳаёти носолимро пеша намуда, бо волидайн ва собиқ шавҳараш нофаҳмиҳо доштааст", – менависад РВКД.

Аз ҷумла, санаи 27-уми декабр, дар натиҷаи нофаҳмиҳо бо собиқ шавҳараш Ғафурзода Қиёмиддин Саиди 21-сола, истиқоматкунандаи шаҳри Ваҳдат, номбурдаро ба суроғаи кӯчаи С.Айнӣ, ки дар он ҷо ба ҳайси усто фаъолият мекард, бурда, мавриди азобу уқубат қарор додааст.

Вобаста ба ҳолати мазкур маводҳои лозима тартиб дода шуда, мавриди тафтишоти пешакӣ қарор дорад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 11:00 дар Театри давлатии лӯхтаки...

Ҷинояткорӣ миёни ноболиғон афзудааст. Рамазон Раҳимзода онро “ташвишовар” хонд

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 12-уми феврал...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 15:00 Диловар Андалибов, овозхони ҷавони...

Додситони кул муноқишаи додситони Бӯстон ва ба таври мармуз аз вазифа озод шудани додситони пешини Хатлонро шарҳ дод

Додситони кулли Тоҷикистон тасдиқ кард, ки барканории Абдуқаҳҳор Азизов...