Теъдоди кушташудагони заминларза дар Ҷопон ба 64 нафар расид

Шумори кушташудаҳои заминҷумбии рӯзи 1 январ дар Ҷопон ба 64 расид. Заминларзаи охир аз соли 2016 ба ин тараф пурқорбонитарин заминларза дар Ҷопон будааст. Рӯзи чаҳоршанбе дар минтақаҳои аз заминларза зиёндида борони сахт боридааст. Ин борон метавонад, боиси лағзиши замин гардад ва корҳои ҷустуҷӯиро барои наҷоти одамон душвортар гардонад. Кумак ба зарардидагонро ҳамчунин вайроншавии роҳҳо […]

centralasian.org

Шумори кушташудаҳои заминҷумбии рӯзи 1 январ дар Ҷопон ба 64 расид. Заминларзаи охир аз соли 2016 ба ин тараф пурқорбонитарин заминларза дар Ҷопон будааст.

Рӯзи чаҳоршанбе дар минтақаҳои аз заминларза зиёндида борони сахт боридааст. Ин борон метавонад, боиси лағзиши замин гардад ва корҳои ҷустуҷӯиро барои наҷоти одамон душвортар гардонад. Кумак ба зарардидагонро ҳамчунин вайроншавии роҳҳо ва зерсохторҳо мушкилтар кардаанд. Миқёси зарар ва шумори умумии кушташудаҳо ҳанӯз дақиқ нашудааст, менависанд хабаргузориҳо.

Мақомоти Ҷопон рӯзи 1-уми январ пас аз чанд заминларзаи шадид, ки қувваи яке аз онҳо ба 7.6 дараҷа мерасид, аз эҳтимоли сар задани сунамӣ ҳушдор доданд. Дар Владивостоку Хабаровски Русия ва ҷазираи Сахалин низ хатари сунамӣ эълон шудааст.

Сарвазири Ҷопон Фумио Кишида аз аҳолии минтақаи зери хатар хост, ки ҳарчи зуд ба ҷойи амну баландтар бираванд. "Ҳар лаҳза муҳим аст. Хоҳиш, фавран ба минтақаҳои амн бикӯчед," – гуфт сухангӯйи ҳукумати Ҷопон Ёсимаса Ҳаяшӣ.

Соли 2011 дар Ҷопон заминларзаи сахт ва сунамӣ рӯй дода, боис ба садама дар нерӯгоҳи ҳастаии “Фукушимо 1” шуд. Ин фоҷиаи ҷиддитарини атомӣ баъд аз садама дар нерӯгоҳи ҳастаии Чернобил дар соли 1986 арзёбӣ мешавад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.