Ду омӯзгори тоҷик барандаи ҷоизаҳои ИДМ дар соли 2023 шуданд

Ду омӯзгори Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон (ДДҲБСТ) барандаи ҷоизаҳои “Беҳтарин муҳаққиқ” ва “Беҳтарин корманди илмӣ”-и давлатҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар соли 2023 эълон шудаанд. Дар ин бора шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеаи ин донишгоҳ хабар медиҳад. Ба иттилои манбаъ, Мавлуда Асророва – номзади илмҳои иқтисодӣ, мудири шуъбаи магистратура, омодакунии кадрҳои […]

Asia-Plus

Ду омӯзгори Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон (ДДҲБСТ) барандаи ҷоизаҳои “Беҳтарин муҳаққиқ” ва “Беҳтарин корманди илмӣ”-и давлатҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар соли 2023 эълон шудаанд. Дар ин бора шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеаи ин донишгоҳ хабар медиҳад.

Ба иттилои манбаъ, Мавлуда Асророва – номзади илмҳои иқтисодӣ, мудири шуъбаи магистратура, омодакунии кадрҳои илмӣ ва илмӣ-педагогии ДДҲБСТ миёни олимони кишварҳои узви ИДМ “Беҳтарин корманди илмӣ – 2023” дониста шудааст.

“Асророва дар лоиҳаи байналмилалӣ бо пешниҳоди мақолаи илмӣ миёни иштирокчиёни муассисаҳои мамолики узви ИДМ ширкат карда, ба дипломи дараҷаи I, нишони сарисинагӣ ва шаҳодатнома соҳиб гардид”, – омадааст дар хабар.

Ҳамзамон, Аълохон Бобозода – омӯзгори факултети технологияҳои инноватсионӣ ва баҳисобгирии бухгалтерии ДДҲБСТ байни муҳаққиқони давлатҳои аъзои ИДМ сазовори ҷоизаи “Беҳтарин муҳаққиқ – 2023” гардидааст.

Ин дастовардро омӯзгор бо пешниҳоди мақолаи илмӣ байни иштирокчиёни муассисаҳои мамолики аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил соҳиб шудааст. Ба Бобозода дипломи дараҷаи l, нишони сарисинагӣ ва шаҳодатнома супорида шудааст.

Гуфта мешавад, ки озмуни мазкур моҳи ноябри соли 2023 дар шаҳри Остонаи Қазоқистон байни мутахассисони муассисаҳои илмӣ-таълимии кишварҳои узви ИДМ баргузор гардид. Дар он аз тамоми муассисаҳои илмӣ-таълимии давлатҳои ИДМ намояндагон тариқи онлайн иштирок карданд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.