Палатаи ҳисоб, Бонки миллӣ ва Хадамоти алоқа… Ниҳодҳое, ки соли 2024 Агентии зиддифасод месанҷад

Агентии зиддифасоди Тоҷикистон рӯйхати ниҳодҳоеро, ки дар соли 2024 мавриди санҷини нақшавӣ қарор медиҳад, нашр карда, аз ҷомеаи шаҳрвандӣ хостааст, барои ошкорсозии хавфи амалҳои коррупсионӣ маълумот ва таклифу пешниҳодҳои худро ироа намоянд. Ба иттилои манбаъ, имсол тибқи нақша Агентии омор, Бонки миллӣ, Палатаи ҳисоб, Хадамотҳои иҷро, алоқа ва назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва […]

Asia-Plus

Агентии зиддифасоди Тоҷикистон рӯйхати ниҳодҳоеро, ки дар соли 2024 мавриди санҷини нақшавӣ қарор медиҳад, нашр карда, аз ҷомеаи шаҳрвандӣ хостааст, барои ошкорсозии хавфи амалҳои коррупсионӣ маълумот ва таклифу пешниҳодҳои худро ироа намоянд.

Ба иттилои манбаъ, имсол тибқи нақша Агентии омор, Бонки миллӣ, Палатаи ҳисоб, Хадамотҳои иҷро, алоқа ва назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ аз санҷиши хавфҳои коррупсионӣ мегузаранд.

Илова бар ин, Саридораи геология ва Бонки саноативу содиротии Тоҷикистон – “Саноатсодиротбонк” дар соли равон мавриди санҷиши Агентии зиддифасод қарор мегиранд.

Ҳукумати ноҳияҳои Рашт ва Файзобод низ аз санҷиши хавфҳои коррупсионӣ мегузаранд. Инчунин, филиали Донишгоҳи миллии тадқиқотии Донишкадаи энергетикии Москва дар шаҳри Душанбе ва Коллеҷи тибии ҷумхуриявӣ нибқи нақша дар соли равон аз хавфҳои коррупсионӣ санҷида мешаванд

Ин санҷиши Агентии зиддифасод тибқи муқаррароти Қарори ҳукумат аз 28-уми октябри соли 2016 “Дар бораи тасдиқи методологияи тартиб ва методикаи гузаронидани таҳлили фаъолият (хавфҳои коррупсионӣ)” гузаронида мешавад.

Гуфтан ба маврид аст, ки санҷиши ниҳодҳои давлатии кишвар аз ҷониби Агентии зиддифасод ба таври нақшавӣ гузаронида мешавад ва одатан ҳар сол ниҳодҳое, ки мавриди санҷиш қарор мегиранд, ба нақша ворид мегарданд.

Соли 2023 ҳам як қатор агентиҳои назди ҳукумат, ҳукумати шаҳру ноҳияҳо ва донишгоҳҳои Тоҷикистон бояд мавриди санҷиш қарор мегирифтанд. Натиҷаи ин санҷишҳо барои расонаӣ рӯшан нест.

Ғайр аз ин, Агентии зиддифасод солҳои пеш дар сомонаи расмиаш аз боздошти бархе мансабдорони сатҳи миёна, раисон ва мудирони хоҷагиҳои деҳқонӣ хабар нашр мекард. Вале пас аз нишасти матбуотии охиринаш дар моҳи августи соли 2023, инак тақрибан шаш моҳ мешавад, ки дар сомонаи расмиаш ба ҷуз аз баргузории семинару конфронс, дар бораи фаъолияти кориаш ва боздошти фасодкорон ҳеҷ хабаре интишор намекунад.

Ҳамакнун, Агентии зиддифасоди Тоҷикистон нақша дорад ниҳодҳои дар боло зикршударо дар соли 2024 мавриди санҷиш қарор диҳад ва барои ин аз ҷомеаи шаҳрвандӣ даъват ба амал овардааст, ки ҷиҳати ошкорсозии хавфи амалҳои коррупсионӣ дар муассисаҳои болозикр, аз ҷумла сатҳи баррасии муроҷиатҳо, шаффофияти фаъолияти онҳо, сомонаи интернетӣ ва амсоли инҳо маълумот ва таклифу пешниҳодҳои худро тариқи почтаи электронӣ ба суроғаи [email protected] ирсол намоянд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио