Чанд соли охир мақомоти Тоҷикистон аз зикри номи аслии баъзе зуҳуроту мушкилот худдорӣ мекунанд ва кӯшиш менамоянд, ҳангоми шарҳи он калимаву ибороти дигарро истифода баранд. Дар ҷаласоту изҳорот ва ҳам расонаҳои давлатӣ аз истифодаи чунин калимаву ибораҳои зикраш “мамнӯъ” парҳез мекунанд.
Ин чӣ зуҳурот ва номи аслии он чӣ аст? Кӯшиш кардем мубрамтарини онҳоро зикр кунем.
“Муҳоҷир нагӯ, ака!” Фарзандони бонангу номуси ҳамин деҳа гӯй”
Моҳи сентябри соли 2023 дар шабакаҳои иҷтимоӣ наворе паҳн шуд, ки дар он рӯзноманигор аз як мансабдори маҳаллӣ талаб мекунад, то ҳангоми ишора ба саҳми муҳоҷирони корӣ аз истифодаи ибораи “муҳоҷирони меҳнатӣ” худдорӣ кунад.
Мансабдори маҳаллӣ дар бораи онҳое, ки дар таъмири роҳи маҳаллӣ саҳм гузоштаанд, сухан карда, номи чанд нафарро ба забон меорад ва таъкид мекунад: “…бо ҷалби муҳоҷироне, ки дар…”. Дар ин ҷо наворбардор сухани ӯро бурида, амр медиҳад: “Муҳоҷир нагӯ, ака! Аслан номи муҳоҷиронро нагир!”
Дар идома наворбардор машварат медиҳад, ки ба ҷойи калимаи “муҳоҷирон” ибораи “фарзандони бо нангу номуси ҳамин деҳа” гӯяд.
Дар ҳоле, ки ҳар сол садҳо ҳазор ва тибқи маълумоти мақомоти Русия беш аз миллион шаҳрванди Тоҷикистон ба муҳоҷирати корӣ рафта, бар ивази кори сангин ва таъқибу таҳқири мақомоти рус миллиардҳо доллар ба ватан ирсол мекунанд. Маблағе, ки муҳоҷироти тоҷик ирсол мекунанд, дар марҳилаҳои гуногун ҳудуди 40 дарсади ММД-и Тоҷикистонро ташкил додааст.
Бонки миллии Тоҷикистон бошад, беш аз 10 сол боз аз пешниҳоди маълумот дар бораи ҳаҷми пули фиристодаи муҳоҷирони корӣ худдорӣ меварзад, ҳарчанд қонунгузорӣ ин маълумотро махфӣ намешуморад.
Чунин ба назар мерасад, ки муҳоҷирони кории тоҷик на танҳо дар ғарибиву мусофират, балки дар ватани хеш низ ба ҳошия ронда шудаанд ва саҳми онҳо дар рушду суботи иқтисодиву иҷтимоӣ ба таври бояду шояд зикр намешавад.
Дар ҳавои сард интиқоли барқро маҳдуд карда, мегӯянд “сарфа мекунем”
Ҳар сол бо фарорасии фасли сармо дар интиқоли барқ ба аҳолӣ маҳдудият ҷорӣ мегардад (аҳолӣ онро маъмулан “лимит” мегӯяд), ки мақомоти кишвар ин мушкилро на ҳамеша эътироф мекунанд.
Баъди нигарониҳои зиёди аҳолӣ маъмулан ширкати “Барқи тоҷик” бо нашри як иттилоия мегӯяд, корҳои сохтмонӣ дар баъзе аз зеристгоҳҳо шурӯъ шуда, “амалисозии ин тадбирҳо имкон медиҳад, ки шабакаҳои барқӣ ба давраи тирамоҳу зимистон хубтар омода шаванд ва оби сарфагардида дар мавсими сармо барои таъмини шабонарӯзии аҳолӣ бо нерӯи барқ истифода гардад”.
Яъне дар бештари ҳолат масъулини давлатӣ ба ҷойи калимаи “маҳдудият” калимаи “сарфа”-ро истифода мекунанд. Ҳарчанд мушкилро эътироф мекунанд, аммо аз зикри он бо номи аслиаш худдорӣ менамоянд.
“Облава” нест! Ё ҳасту номи он “иҳотагирӣ” аст?
Истилоҳи дигаре, ки ифодакунандаи мушкили музмини ҷомеаи кишвар буда, мақомоти Тоҷикистон аз истифода ва эътирофи он ҳамеша худдорӣ мекунанд, ин сарбозшикор (миёни мардум чун “облава” маъмул аст) мебошад.
Бо оғози мавсими давъат ба сафи Артиш дар баҳору тирамоҳ навори зиёде аз боздоштҳои ғайриқонунӣ ё сарбозшикор дар расонаҳо ва шабакаҳои иҷтимоӣ нашр мешавад. Дар наворҳо бахубӣ дида мешавад, ки нафарони либоси мулкипӯш ҷавонони синни даъватро дар кӯчаҳо иҷборан ба мошинҳо савор карда мебаранд.
Вале мақомоти Тоҷикистон ҳеҷ гоҳ вуҷуди ин зуҳурот ё мушкилро расман эътироф накардаанд. Танҳо дар чанд ҳолат гуфтаанд, ки барои даъвати ғайриқонунӣ ба хидмати ҳарбӣ чанд нафарро боздошт карда, ҷазо доданд. Таъкид мекунанд, ки кормандони комисариатҳои ҳарбӣ дар даъвати ғайриқонунӣ даст надоранд ва агар даъватшавнада баъди гирифтани даъватномаи комиссариат ба ин ниҳод ҳозир нашавад, кормандони мақомоти қадратӣ ҳақ доранд, ӯро дошта ба коммисариат биёранд.
Бояд гуфт, ки вақтҳои охир баъзе мақомдорон ба ҷойи калимаи “сарбозшикор” ё “облава” истилоҳи “иҳотагирӣ”-ро истифода мекунанд.
Ин се ҳолати маъмултарине буд, ки парҳези мақомдорони тоҷик аз истифодаи номи аслии зуҳурот ё мушкилро нишон медиҳад.
Илова бар ин, “пулҷамъкунӣ” дар мактабҳоро мақомоти тоҷик ҳеҷ гоҳ эътироф накарда, онро чун “кӯмаки кумитаи падару модарон” ба мактабҳо ва ҷалби кормандони мақомоти давлатӣ ба “шанбегӣ”-ро “поккории ихтиёрии кормандон дар маҳалли кор” унвон мекунанд.
Ҳарчанд сокинон мегӯянд, онҳоро маҷбур мекунанд барои таъмири мактабу синфхона ва харидории лавозимоти таълиӣ маблағ биёранд ва ба шанбегӣ бароянд.
Дақиқ аст, ки бо парҳез аз истифодаи номи аслии мушкил он роҳи ҳал пайдо намекунад. Ҳамон тавре ки бо корбурди калимаи нав муаммо аз байн намеравад. Аммо ин парҳезгорӣ аз асл даҳсолаҳост, ки идома дорад.


