Тоҷикистониёнро аз асорати сармо дар Қазоқистон раҳо карданд

Бар асари ҳавои номусоид дар Қазоқистон шаҳрвандони Тоҷикистон дар ҳолати ногувор ва хатарнок қарор гирифтанд. Шаби 14 январ дар роҳи мошингарди Остона – Петропавловск автобуси мусофирбар вайрон шуд. Он аз шаҳри Сургути Русия меомад. Тавре ки ВКД Қазоқистон дар Телеграм-канали худ хабар медиҳад, ин ҳолат бар асари сармои шадид дар вилояти Ақмола ба амал омадааст. […]

Ширин Раҳмонова, Asia-Plus

Бар асари ҳавои номусоид дар Қазоқистон шаҳрвандони Тоҷикистон дар ҳолати ногувор ва хатарнок қарор гирифтанд. Шаби 14 январ дар роҳи мошингарди Остона – Петропавловск автобуси мусофирбар вайрон шуд. Он аз шаҳри Сургути Русия меомад.

Тавре ки ВКД Қазоқистон дар Телеграм-канали худ хабар медиҳад, ин ҳолат бар асари сармои шадид дар вилояти Ақмола ба амал омадааст.

Гуфта мешавад, қубури ҳавокаши автобус аз кор баромалда, ронанда ва 65 нафар мусофирон, аз ҷумла кӯдаки 10-сола ва 14 нафар занон – ҳама шаҳрвандони Тоҷикистон дар роҳ мондаанд.

“Кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ якҷо бо ронандагон нуқсонро дар ҷойи ҳодиса бартараф намуда, автобусро то наздиктарин нуқтаи гармидиҳии шаҳри Оқкӯл гусел карданд. То ифтитоҳи расмии роҳ ва иҷозаи барқарор шудани ҳаракати нақлиёт, шаҳрвандони хориҷӣ дар ин ҷо мемонанд”, – зикр мешавад дар хабар.

Дар ҳамин ҳол, дар ширкати Asian Express, ки ба Қазоқистон низ хатсайрҳо роҳандозӣ мекунад, ба “Азия-Плюс” изҳор намуданд, ки айни замон автобусҳои ин ширкат ҳафтае як маротиба рӯзҳои сешанбе танҳо бо хатсайри Душанбе – Маскав равуо мекунад.

“Дар натиҷаи барфрезии зиёд дар роҳҳои Русия ва Қазоқистон ҳаракати автобусҳо бо ин хастсайр аз 12 декабри соли 2023 то моҳи марти соли ҷорӣ боздошта шуд”, – илова карданд дар он ҷо.

Маҳдудияти ҳаракат дар роҳҳои Қазоқистон

Ба асари обуҳавои номусоид дар Қазоқистон, ки сармои 33 дараҷа ва тӯфони барфӣ пешгӯӣ мешавад, дар 42 қитаъи роҳҳои таъиноти ҷумҳуриявии ин кишвар ҳаракати нақлиёт маҳдуд шудааст.

Дар хабари Оператори миллии роҳҳои автомобилгарди таъиноти ҷумҳуриявии QazAvtoJol дар Телеграм-канал гуфта мешавад, маҳдудияти ҳаракати нақлиёт дар роҳҳои 9 вилояти Қазоқистон ҷорӣ шудааст.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

“Ба мактаб баред, вале дар вақти дарс истифода накунед”. Вазорати маориф корбурди телефонро дар мактабҳо шарҳ дод

Баҳси бурдан ва ё истифодаи телефон дар мактаб ва ё вақти дарс солҳост идома дорад.

Тоҷикистон дар қаҳрамонии Осиё ҷойи дуюм шуд. Ҷудокорони тоҷик бо 5 медал бармегарданд

Паҳлавонони тоҷик дар ин мусобиқот 2 нишони тилло, 2 нуқра ва 1 биринҷӣ ба даст оварданд.

Чаро “eDonish” дар рафту омади хонанда ва баҳогузорӣ хато мекунад? “Шаҳри ҳушманд” шарҳ дод

Волидайни хонандаҳо аз кори носаҳеҳи барномаи рақамии таълимӣ шикоят мекунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 70

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.