Мақомоти Қирғизистон бар зидди хабаргузории “24.kg” барои таблиғи ҷанг парванда боз кардаанд

Бар зидди Оҷонсии хабарии “24.kg” барои таблиғи ҷанг парвандаи ҷиноятӣ боз шуда, мақомоти қудратии Қирғизистон Асел Отурбаева, директори генералӣ ва Маҳинур Ниёзова, сармуҳаррири Оҷонсии хабарии “24.kg”-ро бо худ бурдаанд. Дар ин бора хабаргузории “24.kg”- хабар медиҳад. Манбаъ бо такя ба маркази матбуоти Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон навиштааст, ки бар зидди ин расона бо моддаи […]

Бар зидди Оҷонсии хабарии “24.kg” барои таблиғи ҷанг парвандаи ҷиноятӣ боз шуда, мақомоти қудратии Қирғизистон Асел Отурбаева, директори генералӣ ва Маҳинур Ниёзова, сармуҳаррири Оҷонсии хабарии “24.kg”-ро бо худ бурдаанд. Дар ин бора хабаргузории “24.kg”- хабар медиҳад.

Манбаъ бо такя ба маркази матбуоти Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон навиштааст, ки бар зидди ин расона бо моддаи 407 (Таблиғи ҷанг) Кодекси ҷиноятии Қирғизистон првандаи ҷиноятӣ боз шудааст.

“То ҳол маълум нест, ки кадом маводи нашрия мавриди тафтиш қарор дорад”, – омадааст дар хабари “24.kg”.

Субҳи имрӯз, 15-уми январ, кормандони Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон барои кофтуков ба идораи хабаргузорӣ омаданд. Вакилони дифои ин расонаро барои ширкат дар кофтуков роҳ надоданд.

Онҳо дар аввал шаҳр надодаанд, ки кофтуков дар асоси кадом парванда сурат мегирад.

Яке аз вакилони дифоъи хабаргузорӣ дар суҳбат бо расонаҳо гуфт, ки чунин кофтуков дар доираи парвандаи ҷиноятӣ оғоз мешавад. Вале гуфт, онҳоро ба кофтуков роҳ надоданд, аз ин рӯ намедонад, ки идораи хабаргузорӣ дар доираи кадом парвандаи ҷиноятӣ кофтуков мешавад.

Баъди зуҳри имрӯз, мақомоти қудратӣ дари идораи хабаргузориро муҳр зада, компютерҳои кории онро бо худ бурдаанд.

Ҳамчунин, Асел Отурбаева, директори генералӣ ва Маҳинур Ниёзова, сармуҳаррири Оҷонсии хабарии “24.kg”-ро ҳам бо худ бурдаанд ва эҳтимол аст, онҳоро бозпурсӣ кунанд. Гуфта мешавад, ки онҳоро кормандони КДАМ-и Қирғизистон бо худ бурдаанд.

Маҳинур Ниёзова дар дохили нақлиёти мақомоти қудратӣ ба журналистон гуфтааст, ки парвандаи ҷиноятӣ дар доираи нашри як мақола дар бораи ҷанги Украина боз шудаст.

24.kg яке хабаргузҳориҳои интернетӣ дар Қирғизистон аст, ки соли 2006 таъсис ёфтааст. Директори генералии агентии иттилоотӣ Асел Оторбоева мебошад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.