Тоҷикистону Қирғизистон боз зиёда аз 38 километри марзи давлатиро мувофиқа карданд

Аз 10 то 15-уми январи соли 2024 дар шаҳри Бодканди Қирғизистон ҷаласаи навбатии гурӯҳҳои кории топографӣ ва гурӯҳҳои корӣ оид ба масъалаҳои ҳуқуқии ҳайатҳои ҳукуматии Тоҷикистон ва Қирғизистон оид ба таъйин ва аломатгузории сарҳади давлатӣ баргузор гардид. Дар ин вохӯрӣ гурӯҳҳои кории топографӣ 38,35 км сарҳади давлатии Тоҷикистон ва Қирғизистонро мувофиқа намуданд. “Ҷонибҳо корро оид […]

Asia-Plus

Аз 10 то 15-уми январи соли 2024 дар шаҳри Бодканди Қирғизистон ҷаласаи навбатии гурӯҳҳои кории топографӣ ва гурӯҳҳои корӣ оид ба масъалаҳои ҳуқуқии ҳайатҳои ҳукуматии Тоҷикистон ва Қирғизистон оид ба таъйин ва аломатгузории сарҳади давлатӣ баргузор гардид.

Дар ин вохӯрӣ гурӯҳҳои кории топографӣ 38,35 км сарҳади давлатии Тоҷикистон ва Қирғизистонро мувофиқа намуданд.

“Ҷонибҳо корро оид ба тавсифи минтақаҳои боқимонда дар вохӯрии навбатӣ, ки дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мегардад, идома медиҳанд”, – хабар медиҳад АМИТ “Ховар”.

Зимнан зикр мегардад, ки аз натиҷаи вохӯрии ҷонибҳо Протоколи дахлдор ба имзо расид.

Ёдрас мекунем, ки қаблан дар бораи вохӯрии ҳамраисони ҳайатҳои ҳукуматии Тоҷикистону Қирғизистон, раисони КДАМ-и ду кишвар Саймумин Ятимов ва Қамчибек Ташиев дар Ботканд рӯзи 12 январ хабар дода будем.

Тавре ки АКИpress бо истинод ба гуфтаҳои Ятимов хабар дода буд, Қирғизистон ва Тоҷикистон дар самтҳои Қулунду, Мақсат ва Арка ба тавофуқи усулӣ даст ёфтаанд.

“Пиромуни ин масъалаҳо мо ба тавофуқи усулӣ ноил шудем. Мо лоиҳаи протоколро тайёр кардем. Ҳамаи ҷонибҳо пурра розианд. Мо як қадами хеле бузург ба сӯи пеш мегузорем. Мо бо боварӣ супоришҳои роҳбарони ду кишварро иҷро мекунем”, – гуфт Ятимов.

Қамчибек Тошиев низ аз расидан ба тавофуқи усулӣ дар бархе қитъаҳои марз суҳбат кард.

Вай аз ҷумла гуфт, дар масъалаи деҳаи Мақсат, ки қариб 15 километр тӯли марз аст, ба тавофуқи усулӣ ноил шудаанд ва гуруҳҳои корӣ бояд акнун ин қитъаҳоро аломатгузорӣ кунанд.

Пештар аз ин вазири корҳои хориҷии Туркия Ҳакан Фидан пас аз вохӯрӣ бо президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рӯзи  10-уми январи соли 2024 изҳор намуд, ки имзои созишнома оид ба марз миёни Тоҷикистону Қирғизистон дар моҳи март таъйид шудааст.

Президенти Қирғизистон Садир Жапаров низ дар ин робита аввали моҳи декабр зикр карда буд, ки анҷоми ҳамаи корҳои оид ба таъйин ва аломатгузории марзи давлатии кишварҳо баҳори соли 2024 дар назар аст.

Ёдовар мешавем, ки дарозии умумии сарҳади Тоҷикистон ва Қирғизистон тақрибан 980 километрро ташкил медиҳад.  Дар ҳоли ҳозир беш аз се ду ҳиссаи хатти марзӣ мушаххас ва эътирофи мутақобила шуда, қитъаҳои боқимонда баҳсбарангез дониста мешаванд.

Аз декабри соли 2002 музокираҳо оид ба марзи ду кишвар идома доранд. Аммо ҳал нашудани ин масъала борҳо сабаби муноқишаҳои сокинони маҳаллӣ ва низомиёни ду кишвар, аз ҷумла бо истифода аз силоҳи оташфишон шудааст.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Мавқеи паҳлавонони дигари тоҷик дар радабандии ҷаҳонии ҷудо.