“Наслкушии ҳазораҳо ва апартеиди ҷинсиятӣ”. Раҳпаймоӣ дар беш аз 30 шаҳри ҷаҳон алайҳи сиёсати Толибон

Аз ду рӯз инҷониб ҳазорон шаҳрванди Афғонистон дар беш аз 30 шаҳри ҷаҳон барои эътироф ва қатъи “наслкушии ҳазорҳо” ва эътироз алайҳи асорати занону духтарон аз сӯи Толибон* раҳпаймоӣ мекунанд. Ба навиштаи рӯзномаи “8 субҳ”-и Афғонистон, ки берун аз ин кишвар фаъолият мекунад, ҳазорон нафар эътирозгарон дар шаҳрҳои мухталифи Амрико, Канада, Олмон, Фаронса, Бритониё, Покистон […]

Таҳияи Алимшоҳ Меҳрзода

Аз ду рӯз инҷониб ҳазорон шаҳрванди Афғонистон дар беш аз 30 шаҳри ҷаҳон барои эътироф ва қатъи “наслкушии ҳазорҳо” ва эътироз алайҳи асорати занону духтарон аз сӯи Толибон* раҳпаймоӣ мекунанд.

Ба навиштаи рӯзномаи “8 субҳ”-и Афғонистон, ки берун аз ин кишвар фаъолият мекунад, ҳазорон нафар эътирозгарон дар шаҳрҳои мухталифи Амрико, Канада, Олмон, Фаронса, Бритониё, Покистон ва дигар кишварҳое, ки шаҳрвандони Афғонистон ҳузур доранд, аз Созмони Милали Муттаҳид, кишварҳо ва ниҳодҳои ҳуқуқи башар хостаанд, ки “наслкушии ҳазораҳо ва апартеиди ҷинсиятӣ” дар Афғонистон қатъ ва эътироф карда шуда, ҳамчунин аз боздошти занону духтарон бо баҳонаи риоя накардани “ҳиҷоби толибонӣ” пешгирӣ кунанд.

Ба иддаои ин эътирозгарон мавҷи нави ҳамлаҳои ҳадафмандона ва системавӣ дар манотиқи ҳазоранишини Афғонистон оғоз шудааст.

Эътирозгарон дар аксари шаҳрҳои ҷаҳон бо шиорҳои “наслкушии ҳазорҳоро боздоред” ва “нест бод режими Толибон” ба тазоҳуроти эътирозӣ шурӯъ кардаанд. Дар ҳамин ҳол, теъдоде аз эътирозгарон аз тазоҳуроти густурда истиқбол карда, идомаи тазоҳурот дар чаҳорчӯби қонуниро тақозо кардаанд. Ба гуфтаи онҳо, рафтори Толибон нисбат ба шаҳрвандони Афғонистон, бахусус ҳазораҳо ва занон, як намунаи возеҳи “ҷиноят алайҳи башарият, наслкушӣ ва апартеиди ҷинсиятӣ" аст, ки бояд тавассути механизмҳои ҳуқуқӣ дар низоми байнулмилалӣ пайгирӣ шавад.

Дар ҳамин ҳол, Дафтара Ҳайати муованати СММ (UNAMA) низ дар гузориши ахири худ гуфтааст, ки занону духтарон “умдатан дар манотиқи ҳазора ва тоҷикон” аз сӯи Толибон бо баҳонаи итоат накардан ба ҳиҷоби эълонкардаи ин гурӯҳ боздошт мешаванд. Ба гуфтаи UNAMA, Толибон ба ҷорӣ кардани мамнӯъиятҳо ва маҳдудиятҳо алайҳи занон ва интиқом аз сарбозони собиқ, ҳомиёни ҳуқуқи башар ва кормандони расонаҳо идома медиҳанд.

Бояз зикр кард, ки Толибон аз тобистони соли 2021 ба таври номашрӯъ зимоми қудрат дар Афғонистонро ба даст гирифтаанд ва “қонуну қоида”-и худро дар ин кишвар ҷорӣ мекунанд. Ҳукумати онҳо аз ҷониби ҳеҷ давлате эътироф нашудааст.

*Дар Тоҷикистон гурӯҳи террористӣ эътироф шудааст.

Ҳар он чи дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо – «Афғонистон» бихонед.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Мавқеи паҳлавонони дигари тоҷик дар радабандии ҷаҳонии ҷудо.